Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд

Раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон”, собиқ муовини сарвазири ин кишвар Адахан Мадумаров, ки дар хиёнат ба давлат айбдор эълом гашт, шаби 25 апрел озод шуд. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад. Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, вале ба далели […]

Asia-Plus

Раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон”, собиқ муовини сарвазири ин кишвар Адахан Мадумаров, ки дар хиёнат ба давлат айбдор эълом гашт, шаби 25 апрел озод шуд. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад.

Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, вале ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор ӯро озод кард.

Додгоҳ парвандаи Мадумаровро пушти дарҳои баста баррасӣ кард.

Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро рӯзи 2 сентябри соли 2023 неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бишкек боздошт карда буданд.

Вакили дифои сиёсатмадор Гуляна Убалиева гуфта буд, ки Мадумаров дар "хиёнат ба давлат" муттаҳам мешавад. Убалиева тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст. Мадумаров худро бегуноҳ ва парвандаашро "сиёсӣ" меномад.

Дар хусуси ин сиёсатмадор ва мансабдори пешини Қирғизистон ва омили боздошту иттиҳоми алайҳи ӯ эълоншуда дар матлаби “Чаро Мадумаров боздошт шуд ва он ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон чӣ таъсир мерасонад” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.