Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Мақомоти вилояти Суғд рӯйхати дарахтони куҳансоли вилоятро тартиб дода, атрофи баъзеи онро иҳота кардаанд ва ҳамакнун ният доранд, барои баъзеашон шиноснома таҳия кунанд. Ду дарахти куҳансоли ин вилоят ба рӯйхати дарахтони куҳансолтарини ҷаҳон шомил шудаанд.

Дар умум, ба ин рӯйхат чанд дарахт ворид шудааст, синни онҳо чанд аст ва дар куҷо ҷойгир шудаанд?

Ба иттилои Сарраёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ин минтақа 110 дарахти кӯҳансолро ҳисоб кардаанд, ки умри беш аз 1000-сола доштаанд.

Акрамҷон Юсупов, корманди шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набобот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ду дарахти куҳансолтарин – Тути калон дар шаҳри Хуҷанд ва Чинори бобо дар ноҳияи Ашт умри беш аз 1 ҳазору 500-сола доранд.

“Ин ду дарахт ба рӯйхати куҳансолтарин дарахтони ҷаҳон шомил мешаванд”, – гуфт Акрамҷон Юсупов.

Бо назардошти синни ин дарахтон ва ҷиҳати ҳифзи онҳо, масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд атрофи чандин дарахти куҳансолро иҳота кардаанд.

“Масалан, 2-3 сол пеш атрофи дарахти "Тути Панҷшанбе”-и Хуҷандро бо панҷара иҳота карда ва сангеро бо навиштаҷот гузоштем, ки бозгӯйи синни куҳани ин дарахт аст”, – гуфт Акрамҷон Юсупов.

Ӯ мегӯяд, қаблан зери сояи ин дарахт кӯҳнадӯзон фаъолият мекарданд ва ҳоло дар атрофи он сайёҳони зиёдро дидан мумкин аст, ки ба синну таърихи ин дарахт таваҷҷуҳ мекунанд.

Ҳамчунин, соли 2021 атрофи дарахти Тути калонро иҳота карданд. Ин дарахти куҳансолтарини вилоят дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Чинори бобо низ аз куҳансолтарин дарахтони вилоят аст, ки дар ноҳияи Ашт ҷойгир шудааст.

Сегонаи Ардач сеюмин дарахти кӯҳансоли вилояти Суғд буда, он низ дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Акрамҷон Юсупов мегӯяд, барӯйхатгирии дарахтони куҳансол ба хотири ҳифзи мероси табиӣ муҳим аст.

“Ҳоло боз ният дорем, барои ин дарахтон шиноснома таҳия кунем ва лавҳаи муаррификунандаи онро бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ насб намоем. Бо ин роҳ, мехоҳем аҳамияти таърихии онро барои сокинон ва сайёҳон нишон диҳем”, – гуфт Акрамҷон Юсупов.

Бо ин мақсад, онҳо аз Раёсати фарҳанги вилоят хостаанд, ки дар ин кор онҳо ҳам саҳмгузор бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...