Марказҳои тестии Русия дигар аз муҳоҷирон имтиҳон қабул намекунанд. Акнун дар куҷо ва чӣ хел онро бояд супорид?

Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Даҳҳо марказҳои тестӣ дар шаҳрҳои Русия дигар аз муҳоҷирон имтиҳон аз забони русиро қабул намекунанд. Бо фармоиши Вазорати маориф ва илм, аз 1 майи соли 2024 акнун ба қабули имтиҳон танҳо донишгоҳҳо ҳуқуқ доранд.

Дар ҳамин ҳол, бидуни супоридани ин имтиҳон шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд патенти корӣ ё ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) гиранд.

Вазорати маориф ва илми Русия бар ин назар аст, ки маҳдудияти мазкур ва чораҳои андешида ба тақвияти назорат аз болои сифати баргузории имтиҳонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳанд.

“Азия-Плюс” аз ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик, ки ба муҳоҷирони кори бепул машварати ҳуқуқӣ медиҳад, дархост намуд, ки дар бораи акнун дар куҷо ва чӣ хел супоридани имтиҳонҳо маълумот диҳад.

Аз куҷо метавон рӯйхати донишгоҳҳоеро дарёфт, ки имтиҳон қабул мекунанд?

Айни замон дар Русия 12 донишгоҳи ваколатдор ба қабули имтиҳон аз хориҷиён ва як ташкилоти назди ҳукумати Маскав мавҷуд аст. Рӯйхати ин мактабҳои олӣ дар портали зерин қобили дарёфт аст.

Қобили зикр аст, ки донишгоҳҳо худашон имтиҳон қабул намекунанд. Барои ин дар қаламрави муассиса маркази ҷудогонаи тестӣ ҳаст.

Агар дар шаҳре, ки ман дар он қарор дорам, донишгоҳ барои қабули имтиҳон набошад чӣ?

Ҳатто агар дар шаҳр донишгоҳи зарурӣ набошад ҳам, марказҳои тестии донишгоҳҳо ҳамеша дар маркази ваколатдори муҳоҷират амал карда, дар он ҷо патент ҳам медиҳанд.

Ин имтиҳонҳо пулакианд?

Бале, имтиҳонҳо аз забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ пулакианд.

Масалан, дар Маркази муҳоҷирати Маскав (МБМ Сахарово) аз ҳама арзонтар аст – 1350 рубл, дар Донишкадаи забоншиносии Маскав бошад – 10200 рубл. Нархи миёнаи он 4000 рублро ташкил медиҳад.

Аз куҷо нархи имтиҳонро дар ин ё он донишгоҳ фаҳмидан мумкин аст?

Ин маълумот маъмулан дар сомонаи донигоҳҳо дастрас аст. Дар ҳамин ҳол, нархи имтиҳон ба таъиноти гувоҳнома (сертификат) вобаста мебошад.

Барои гирифтани патент нархи имтиҳон арзонтар аст, барои гирифтани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП), Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шаҳрвандӣ – қиматтар.

Маблағро метавон тариқи расид (квитансия) дар бонк ё бо пули нақд тавассути дастгоҳи хазина (касса)-и маркази тестӣ пардохт намуд.

Тестгирӣ чӣ хел мегузарад? Пешакӣ ба он тайёр шудан мумкин аст?

Тайёршавӣ бефоида аст. Дар имтиҳонҳо фаҳмиши умумии нутқ, захираи калимаҳо ва донишҳои одиро месанҷанд. Дар ҳамин ҳол, душвории имтиҳон аз забон барои шаҳрванди хориҷӣ ба таъиноти гувоҳнома (сертифиат) вобаста аст: барои гирифтани патенти корӣ, зисти муваққатӣ (РВП), Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шаҳрвандӣ.

Масалан, зимни гирифтани сертификат барои патент хондан ва нақли матн аз 15 сатр лозим аст. Ҳамчунин аз шумо хоҳиш мекунанд, ки ба саволҳо дар бораи тарҷумаи ҳолатон ҷавоб диҳед (кай ва дар куҷо таваллуд шудаед, дар куҷо таҳсил кардед, кай мактабро хатм кардед).

Метавонад саволҳои одӣ ҳам аз рӯзгор бошад, масалан чӣ гуна пардохт намудани роҳкиро дар метро, дар куҷо нон харидан чанд рӯз пеш омадед, фарзандонатон ба мактаб мераванд ё не, президенти Русия кист, Конститутсия чист, дар чароғаки сурх аз роҳ гузаштан мумкин аст ва ғайра.

Имтиҳонро дарҳол пас аз омадан ба Русия супоридан лозим аст? Ягон муҳлат ҳаст?

Сертификати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ барои гирифтани патенти корӣ лозим аст. Онро шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба Русия ба расмият дарорад.

Яъне тақрибан пас аз ду ҳафтаи омадан ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани патент пешниҳод кардан лозим аст. Маҳз барои ҳамин бояд аз тестгирӣ гузаштан даркор аст.

Хуллас, кӯшиш кардан лозим аст, ки имтиҳонро дар муддати ду ҳафтаи пас аз вуруд ба қаламрави Русия супоред.

Агар дар дафъаи аввал имтиҳонро супорида натавонем, такроран аз тест гузаштан мумкин аст?

Шумо чанд боре, ки хоҳед, метавонед имтиҳон супоред. Дар ҳамин ҳол, ҳар дафъа маблағи онро супоридан лозим меояд.

Ва ба назар гирифтан лозим аст, ки барои гирифтани патенти корӣ муҳлатҳои муайян муқаррар шудаанд.

Масалан, дар сомонаи Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишот дар вилояти Маскав гуфта мешавад, агар шумо патент нагирифтаед, таҳсилро оғоз накардед ё иҷозаи зист дар Русияро дарёфт накардаед, пас аз 90 шабонарӯз (муҳлати аввали бақайдгирии муҳоҷират) бояд ба ватан баргардед.

Шумо танҳо баъди 90 шабонарӯз дубора ба Русия рафта метавонед. “Хориҷ шудану ворид шудан” кардан лозим нест, зеро ин вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират шуморида мешавад. Барои ин вуруд ба Русия ба муҳлати 5 сол манъ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...