Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Солҳои охир теъдоди тамошобинони телевизион коҳиш ёфтааст, аммо новобаста аз ин, он ҳамоно навъи серталаб миёни расонаҳо боқӣ мемонад. Дар ин бора дар тадқиқоти “Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо”, ки рӯзи 2-юми май дар Душанбе рӯнамоӣ гардид, зикр мегардад.

Тадқиқот моҳҳои январ ва феврали соли равон дар асоси посухҳои 2507 мусоҳиб аз саросари кишвар гузаронида шудааст.

“Тадқиқоти мазкур бори чаҳорум баргузор мешавад. Тадқиқотҳои пешина солҳои 2018, 2019 ва 2022 гузаронида шудаанд. Дар ҳар боби тадқиқот маълумот дар бораи ин ё он ВАО-и махсус, арзёбии муқоисавии натиҷаҳои бадастомада ва таҳлили мухтасар оварда шудааст. Мо бо муқоисаи додаҳои солҳои гузашта ва ҷорӣ танҳо имкон медиҳем, ки сатҳи афзалиятҳои расонаҳои ватанӣ муайян шавад”, – гуфт Набӣ Юсупов, директори ТҶ “Машварати расонавӣ”, ки ин тадқиқотро гузаронидааст.

Муҳаққиқон зикр мекунанд, ки бори аввал аст чунин тамоюлро мушоҳида доранд, зеро ду сол пеш ҳиссаи тамошобинони телевизион зиёда аз 96%-ро ташкил медод. Мувофиқи тадқиқоти нав он ба 89,2% расидааст.

Дар раддабандии шабакаҳои телевизионӣ ТВ “Тоҷикистон” дар ҷойи аввал, ТВ “Сафина” да ҷойи дуюм ва ТВ “Синамо” дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Аз телевизионҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон шабакаҳои русӣ (38,4 %), эронӣ (31,6 %) ва ӯзбекӣ (29 %) нуфузи бештаро соҳибанд. Ҷолиб аст, ки дар кишвари мо шабакаҳои хитоӣ (1,7 %) низ тамошобини худро доранд.

Танҳо наздики 30 %-и пурсидашудагон барномаҳои радиоро гӯш мекунанд, ки ин нисбат ба 2 соли пеш 10 % камтар аст.

Тадқиқот нишон додааст, ки дар самти радиошунавонӣ аз радиоҳои давлатӣ “Садои Душанбе” (27,1 %) ва аз радиоҳои хусусӣ “Имрӯз” (10,9 %) шунавандаи бештар доранд. Дар ин миён, радиои “Азия Плюс” як зина боло баромада, дар ҷойи дуюм қарор гирифт, пешсафи соли гузашта – радиои “Ватан” бошад, ба зинаи сеюм фаромад.

Аудиторияи рӯзномаҳо низ коҳиш ёфтааст. Танҳо 28 %-и пурсидашудагон рӯзнома мехондаанд.

Миёни нашрияҳои давлатӣ/соҳавӣ рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва миёни нашрияҳои мустақил ҳафтаномаи “Оила” аудиторияи нисбатан васеъ доранд. Аз маҷаллаҳо бошад, нуфузи бештарро “Бонувони Тоҷикистон” соҳиб аст.

Тадқиқот на танҳо ВАО-и анъанавӣ, балки абзорҳои нави интишори иттилоъ – интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро низ фаро гирифтааст, мегӯянд муҳаққиқон.

Аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ Youtube, Instagram ва TikTok истифодабарандаи бештар доранд.

Ба сегона (ТОП-3)-и сомонаҳои писандида торнамоҳои “Озодӣ”, somon.tj ва “Азия-Плюс” ворид гардиданд.

Паёмрасони серистифода мисли ду соли қабл, ҳамоно WhatsApp боқӣ мемонад.

Дар умум, ба ақидаи 52,3 %-и пурсидашудагон, сифату саҳеҳияти маталабҳои журналистӣ дар ду соли охир хеле беҳтар шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар моҳи марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ 186 рӯзнома (123 давлатӣ ва 63 хусусӣ), 138 маҷалла (115 давлатӣ ва 23 ғайридавлатӣ) ва 6 оҷонсии иттилотӣ (1 давлатӣ ва 5 ғайридавлатӣ) ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар кишвар 112 нашрияи давлатӣ ва 264 нашрияи хусусӣ фаолият мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...