Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт

Asia-Plus

Дар натиҷаи омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ 3 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаву иншооти ёрирасон вайрон ва садҳо гектар замини киштзор ва кӯчаҳо зери об монданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки рӯзҳои 4-5 майи соли 2024 дар аксари ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб, инчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар натиҷаи боришоти зиёд борон селу ярч омадааст.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 5-уми майи соли 2024 соати 04:30 дар деҳаҳои  А.Абдулвосиева, Нӯъмонаи Розиқ, Чуянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ, ҷамоати деҳоти ба номи К. Исмоилов ва кӯчаҳои ба номи Ғалабаи шаҳри Ваҳдат сел ба амал омада, дар натиҷа пул, сарбандҳои муҳофизатӣ, каналҳо, иншоотҳои гидротехникӣ, роҳҳои маҳаллӣ, заминҳои сокинони махаллӣ ва иншооти ёрирасони онҳо зери об мондаанд.

КҲФ мегӯяд, дирӯз, 5-уми майи соли 2024 дар натиҷаи омадани сел дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб ду сокини 40 ва 67-солаи ин маҳалла ба ҳалокат расидаанд. Дар натиҷаи сел, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон ва шоҳроҳи деҳа зери об мондааст.

Рустам Назарзода, раиси КҲФ дар якҷоягӣ бо дигари масъулин бо мақсади шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ва бо мақсади ҳамоҳангсозии чорабиниҳои муштарак ба ҷойи ҳодиса сафар кардааст.

Дирӯз ҳамчунин, дар натиҷаи боршоти шадид, дар маҳаллаи Сабзазор, кӯчаи Деҳнаваки ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сатҳи оби дарёи Харангон боло рафта, ҳудуди 45-50 метр соҳили дарёро шуста бурдааст.

Ҳамчунин, дар пайи боришоти зиёд сатҳи оби рӯдхонаи Варзоб боло рафта, соҳили чапи дарёро тақрибан 50—60 метр шустааст.

Дар натиҷаи омадани сел дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ 28 қитъаи замини наздиҳавлигии ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Навобод зери об мондааст.

Боришоти шадид дар ҳудуди ду ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор боиси омадани сел гардида, об 72 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Навобод ва М.Турсунзодаро  зер кардааст.

Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел рӯзи 5-уми майи соли 2024, тахминан соати 14:10 роҳи байни деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав зери обу лойқа мондааст. Тахминан соати 14:10 оби рӯдхонае, ки аз болои деҳаи Файзбахш ҷорӣ мешавад, аз соҳил берун шуда, ба заминҳои наздиҳавлигӣ, таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзии деҳа ҷорӣ шудааст.

Манбаъ гуфт, дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел рӯзи 5-уми май пули роҳи мошингарди Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сари-Ҷар дар ноҳияи Нурободро пурра хароб кард. Дар натиҷа роҳ баста буда, ҳаракати нақлиёт тариқи ин пул, ки дар роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор воқеъ аст, комилан баста шуд.

Боришоти шадид ва омадани сел дар вилояти Хатлон низ хисороти зиёд дошт. Дар натиҷаи омадани сел дар деҳаҳои Тиятош, Загекритут, Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант 50 метр роҳро, ки аз ҳудуди деҳаи Зартут мегузарад, гилу санг баста, дар деҳаи Тиятоши ҷамоати деҳоти Ваҳдат даҳҳо чорвои майдаи сокинони маҳаллӣ қурбон шуд.

Дирӯз, 5-уми май бар асари боришоти шадид ва омадани сел дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара ҳудуди 1700 метри шоҳроҳи Бохтар-Данғара – тарафи рости Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», чуйборҳо, симҳои барқ ​​ва хатҳои алоқаро қисман зери об монд. Ҳамчунин, сел пул ва қубурҳои обгузар дар деҳаи Сангтӯдаро зери об гузошт.

Боришоти борони шадид дар вилояти Суғд низ зарар расонида, як нафар ба ҳалокат расидааст.

Аз ҷумла, рӯзи 5-уми майи соли 2024, тахминан соати 17:30 ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи деҳа, сокини 20-солаи деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар натиҷаи омадани сел ба ҳалок расидааст. Ҷасади зани ҷавонро кормандони Раёсати КҲФ дар Истаравшан пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Бар асари боришоти шадид дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ таҳхонаи як бинои истиқоматӣ ва се иншооти ёрирасонро сел зер кард, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​омадани сел пули деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Деҳмойро фаро гирифта, ҳаракати нақлиётро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак мушкил кардааст.

Дар натиҷаи боришот сел заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Муҷуми ҷамоати деҳоти Муҷуми ноҳияи Деваштичро зери об карда, дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон таҳхонаи 29 бинои истиқоматӣ зери об мондааст.

Дар натиҷаи боришоти зиёд дар ҳудуди ВМКБ дар километрҳои 286 ва 326 шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Куф ва Шикефи ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, сел ба амал омад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа гражданӣ менависад, ки дар манотиқи офатзада корҳои бартарафкунии оқибати он идома дорад ва хисорот ҳисоб карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...