Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?

Asia-Plus

Фарҳод Салим, муовини ҳамакнун пешини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва писари Абдулмаҷид Достиев, сиёсатмадори коркуштаи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа озод ва сафири Тоҷикистон дар Япония таъин шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Ҳамчунин, имрӯз, Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро, бародари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки то ин дам муовини директори Оҷонсии зиддинашъа буд, акнун муовини аввали ин ниҳод таъин шуд.

Киҳо аз вазифа озод шуданд?

Дар баробари ин тағйиротҳо, Эмомалӣ Раҳмон, чанд нафари дигарро аз вазифа озод ва онҳоро ба мансабҳои нав ё касони дигарро ба вазифаҳои нав таъин кард.

Дилшод Сафарзода, ки тақрибан ду сол пеш директори Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон таъин гардида буд, имрӯз, 6-уми май аз вазифа озод шуд. Дар фармони барканории ӯ шарҳе дода нашудааст, ки “гузаштан ба кори дигар аст” ва ё “расидан ба синни нафақа”.

Ба ҷои ӯ, Назарзода Ҳабибулло Темур, директори Оҷонсии ҳавонаварди назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид.

Эмомалӣ Раҳмон бо қарору фармонҳои алоҳида чунин мансабдоронро аз вазифа озод кард:

– Каримзода Азизмамад Душанбе аз вазифаи мувини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;

– Соҳибов Нарзулло Шарифович, муовини директори Агентии зихараҳои моддии давлатии назди Ҳукумати  Тоҷикистон;

– Ализода Алишер Ҳикматулло аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон;

Маҷидӣ Юсуф Хайрулло аз мансаби муовини вазири молия;

Абдулзода Зиёдулло Назар аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми  Тоҷикистон;

Мумин Илҳом Камол аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»;

– Юсуфзода Юсуфҷони Сангаҳмад аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон;

Сабаби барканории ҳамаи онҳо “ба кори дигар гузаштан” гуфта мешавад.

Ҳамчунин, бархе аз мансабдорон барои расидан ба синни нафақа аз вазифаҳои ишғолнамудаи худ озод шуданд:

Зиёдуллоев Соҳибҷон Салоҳиддинович аз вазифаи муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон;

Давлатзода Садриддин Хол аз вазифаи муовини раиси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон;

Абдуллозода Зикриё аз вазифаи муовини раиси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳҳукумати Тоҷикистон;

Умариён Раҳмон Фақерзода аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон.

Киҳо мансаб гирифтанд?

Аксари онҳое, ки аз вазифаҳои ишғолнамудиа худ озод шуданд, бо фармон ё қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон ба мансабҳои нав таъин гардиданд. Дар байни онҳо нафарони нав ҳам ҳастанд. Нафарони зерин ба мансабҳои нав таъин шуданд:

– Маҷидӣ Юсуф Хайрулло муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон;

– Саидзода Дилшод Мурод муовини вазири молияи  Тоҷикистон;

– Хайруллозода Шамсулло Хайрулло муовини вазири молияи Тоҷикистон;

– Баҳромзода Парвина муовини вазири молияи Тоҷикистон;

– Пирзода Диловар Атахон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;

– Одилбекзода Дилдор муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;

– Сафармаҳмадзода Мирзовалӣ Маҳмаднабӣ муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;

– Гулзода Бобоҷон Амиршоҳ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон;

– Давлатзода Баҳрулло Раҳмон муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон;

– Ализода Алишер Ҳикматулло муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон;

– Хоҷазода Шералӣ Раҷаб директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон;

– Сафолзода Комрон Муҳаммад муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати  Тоҷикистон;

– Қобилзода Муродалӣ Раҷаб муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Тоҷикистон;

– Нурмаҳмадзода Тоҷиддин муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон;

– Ҷамолзода Абдураҳмон Манонович муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

– Вализода Исмоил Султон муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон;

– Каримзода Бузургмеҳр Карим роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»;

– Исмоилзода Ҳаким Шамсулло муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти  Тоҷикистон;

– Яздонзода Исфандиёр Ҳамроқул муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон;

– Бодуршозода Мералӣ Аёмбек муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, чанде аз сафиронро аз мақомашон озод ва нафарони навро сафир таъин кард.

Аз ҷумла, Ҷалолов Мирзошариф Асомуддинович аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Япония ва Соҳибзода Хисрав Соҳиб аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” ва мақоми сафирӣ озод гардиданд. Маълум нест, ки онҳо ба кадом вазифа таъин шудаанд.

Ҳамчунин, Салим Фарҳод, сафири Тоҷикистон дар Япония, Шарифзода Юсуф Тоиралӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Мирзозода Парвиз Муродалӣ, сафири Тоҷикитсон дар дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва Маҳмадалӣ Нурмурод Муродалӣ, сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъин гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...