Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?

Милана Ена, Asia-Plus

Ба муносибати 79-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз 10 то зиёда аз 6 ҳазору 800 доллар кӯмакпулӣ тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки маблағ ба собиқадорон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ, ки ҳаҷми онро худашон муқаррар мекунанд, пардохт карда мешавад.

Туркманистон – $57

Президенти Туркманистон дастур дод, ки барои собиқадорон дар ҳаҷми 200 манат кумакпулӣ дода шавад. Тибқи қурби бонкӣ ин ба 57 доллар ва дар бозори сиёҳ – ба 10 доллар баробар аст.

Дар бораи ба чӣ қадар одамон додани ин маблағ маълумоти дақиқ нест. Ин камтарин маблағ барои собиқадорон миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Қазоқистон – $3412

Маблағи бештар ба собиқадорони ҷанг дар Қазоқистон ҷудо карда шуд. Дар ҳамаи минтақаҳои ин кишвар ба собиқадорони ҶБВ кумакпулии моддии якдафъаина дар ҳаҷми на камтар аз 1,5 млн танга (3 ҳазору 412 доллар) ҷудо карда мешавад.

Маблағи умумии кумакпулӣ, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия барои пардохт ба зиёда аз 50 ҳазор собиқадорон, аз ҷумла коргарони ақибгоҳ, сокинони Ленингради муҳосирашуда, занҳои бевамондаи ҷанговарон 3 млрд танга ( беш аз 6,8 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Шахсони дар ҷабҳаҳо ҷангидаи Қазоқистон имрӯз 148 нафарро ташкил дода, ба онҳо аз мақомоти минтақа ҳам кумакпулӣ дода шуд. Аз ҷумла, 6 собиқадор аз вилояти Ақмола ба муносибати ҷашн ҳар кадоме 3 млн танга (6 ҳазору 825 доллар) гирифтаанд.

Қирғизистон – $1130

Ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ғалаба ҳар як иштирокчии ҷанг дар Қирғизистон аз фонди президенти кишвар 100 ҳазор сом (тақрибан 1 ҳазору 130 доллар) гирифтааст.

Бино ба маълумоти ахир, айни замон дар Қирғизистон ҳамагӣ 41 нафар собиқадорон боқӣ мондаанд.

Ӯзбекистон – $1578

Бо супориши президенти Ӯзбекистон ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ дар ин кишвар ба маблағи 20 млн сӯм (зиёда аз 1 ҳазору 578 доллар) мукорфотпулии якдафъаина ҷудо карда шуд.

Тоҷикистон – $3600

Дар Тоҷикистон ҳар кадоме аз 24 собиқадори боқимонда 40 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Ин ба зиёда аз 3 ҳазору 600 доллар баробар аст. Маблағ аз фонди захиравии президент ҷудо карда шуд. Ин маблағ нисбат ба соли гузашта зиёдтар аст – соли 2023 ба ҳар як собиқадор 18 ҳазор сомонӣ (1 ҳазору 650 доллар) дода шуда буд.

Ғайр аз ин, дар Душанбе ба ҳар як собиқадор (онҳо дар пойтахт 3 нафар боқӣ мондаанд) 10 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд (6 иштирокчии ҷанг) – ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ ва коргари ақибгоҳ – 4 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Раиси вилояти Хатлон ба ҳар кадоме аз 10 собиқадори боқимонда дар минтақа 5 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ба онҳо ҳамчунин аз ҳисоби мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон низ кумакпулӣ дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...