Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар “Олуча Такси” ба дунё овард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Рӯзи 10 май як сокини пойтахт Таманно Ҷамиловаи 22-сола бар асари бориши шадид ва роҳбандӣ натавонистааст сари вақт ба таваллудхона биравад.

Сафармоҳ Саидова, модари Таманно ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ҳоло духтару наберааш худро хуб ҳис мекунанд ва рӯзҳои наздик аз бемористон ҷавоб хоҳанд шуд.

Ӯ зикр кард, ки замони фаро расидани вақти таваллуди духтараш ба ширкати “Олуча Такси” занг зада, мошин фармоиш додааст ва аз оператор дархост намудааст, ки ҳарчи зудтар автомашина фиристанд.

“Ҳеҷ гоҳ чунин боришотро надида будам, вале бо вуҷуди ин, ронандаи такси кӯшиш мекард, ки тезтар ҳаракат кунад, вале бар асари танбашавиҳо мо то таваллудхона нарасидем. Ман ва хушдомани духтарам ӯро ором намуда, хоҳиш кардем, ки боз каме сабр кунад, лекин вақте ки назди ОВИР омадем, ӯ таваллуд кард”, – ҳикоя кард Сафармоҳ.

Ба гуфтаи модари духтар, онҳо аз ронанда дархост намудаанд, ки мошинро нигоҳ дошта, ба берун барояд.

“Мо саросема шуда, нофи тифлро бурида натавонистем, аз ин рӯ, боз ронандаро даъват карда, то таваллудхона расидем. Дар он ҷо табибон нофро бурида, онҳоро ба дохил бурданд”, – мегӯяд Саидова.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки шавҳари Таманно дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

“Ман бори сеюм бобо шудам”

Таксирони ширкати “Олуча Такси” Шуҳрат Валиев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки зиёда аз 10 сол такси меронад ва бори аввал бо чунин ҳодиса дучор шудааст.

“Акнун бори сеюм бобо шудам. Худам ду набера дорам”, – илова кард ӯ.

Шуҳрат хотиррасон намуд, ки дар он рӯзи боронӣ мусофиронро аз Автодром гирифта, ба самти таваллудхона равон шудааст.

“Вазъи духтар бад шуд ва ман қарор додам, ки бе таваққуф ҳаракат кунам, лекин бар асари боришоти зиёд, дар роҳ танбашавӣ ба вуҷуд омада, онҳоро гузаштан ғайриимкон буд. Мо то ОВИР омада, таваққуф кардем, зеро духтар ба занон хабар дод, ки “ба фикрам, ман аллакай таваллуд кардам”. Ман мошинро боздошта, ба берун баромадам ва вақте ки ҳамааш ба охир расид, занон аз ман барои буридани нофи тифл ёрӣ хостанд, аммо ман гуфтам, ки биёед, беҳтараш то таваллудхона мерасем”, – зикр кард таксирон.

“Олуча Такси” дар маросими рухсатии модару тифл иштирок мекунад

Ширкати “Олуча такси” маълумоти дар такси ба дунё омадани тифл ва шоҳиди ин ҳодиса будани ронанадаашонро тасдиқ кард.

Дар ширкат изҳор доштанд, ки дар маросими рухсатии модару тифл аз таваллудхогна ҳамроҳи ин ронанда иштирок хоҳанд кард.

“Ба модару тифли навзод туҳфаҳо тақдим мешаванд, аз ҷумла гувоҳнома (сертификат)-и солонаи равуои бепул дар таскии ширкати “Олуча Такси” – зикр карданд дар ширкат.

Дар ширкат ҳамчунин гуфтанд, ки корманди худро низ дастгирӣ ва ҳавасманд хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...