Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд

Asia-Plus

Ҷаҳонгир Адалет уғли Халилов, молики ширкати мусофирбари ҶДММ “Такси”, ки автобусаш рӯзи 10 май ба дарёи Мойка сарозер шуд, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Октбярскии Санкт-Петербург то 10 июл ба ҳабс гирифта шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти салоҳияти умумии шаҳр хабар медиҳад, ӯ ба хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест (модаи 238, қ.3 КҶ Русия) айбдор карда мешавад.

Тибқи фарзияи муфаттишон, Халилов уҳдадор буд, ки “риояи интизоми меҳнат ва нақлиёт”, аз ҷумла реҷаи кору истироҳати ронандагонро назорат кунад.

Автобуси мусофирбар аз пули Потселуева ба дарёи Мойка сарозер шуд. Дар он 20 нафар мусофирон қарор дошта, 7 нафарашон ҳалок шуданд. Ду тан аз онҳо дар ҳолати вазнин дар беморхонаҳо бистариянд. Қаблан зикр гардида буд, ки ронандаи автобус Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола дар муддати якчанд рӯз бо вақти зарурии истироҳат таъмин нашудааст.

Зимни ҷаласаи додгоҳ Қурбонов ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор намуд, ки ӯ автобусеро, ки дастгоҳи боздошташ (тормозаш) вайрон буд, идора мекард. Ӯ ба наздикону пайвандони ҳалдокшудагон ҳамдардӣ изҳор намуд.

Ёдрас мекунем, ки ронандаи автобус – зодаи 44-солаи Тоҷикистон, шаҳрванди Русия Раҳматшоҳ Қурбоновро низ ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.

Қурбонов ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба марги ҳадди ақалл ду нафар бис гардиданд (моддаи 264, қ.5 КФ Русия) айбдор шуд. Баъдтар Кумитаи тафтишот дар бораи ба қайди қалбакӣ гузоштани хориҷиён (моддаи 322.3 КҶ Русия) боз як парвандаи ҷиноятии дигар боз намуд.

“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автобус давоми моҳҳои феврал-марти соли 2024 ба ивази пул на камтар аз 10  шаҳрванди хориҷиро дар хонаи ба худаш тааллуқдошта ба қайди қалбакӣ гузоштааст”, – зикр кардаанд дар Кумитаи тафтишот.

Дар моддаи 322.3 Кодекси ҷиноятии Русия ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ шудааст.

Ба навиштаи “Фонтанка”, дар ҳамин ҳол, волӣ (губернатор)-и Санкт-Петербург 15 нафареро, ки баҳри наҷоти одамон аз автобус дар дарёи Мойка талош варзиданд, бо мукофот қадрдонӣ кард.

Ба капитанҳои катерҳо ва ронандагони автомашинаҳое, ки дар ҷойи ҳодиса ҳозир буданд, нишони “За доблесть в спасении” (Барои ҷасорат дар наҷот) ва соатҳои мукофотӣ тақдим карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...