Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор доштааст, ки “Русия шарики боэътимодтарин ва калидии тиҷоративу иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад”.

Изҳороти худро ӯ дар навбати аввал, ба “рушди пайвастаи гардиши молу маҳсулот” асоснок кардааст.

“Соли 2023 ҳаҷми умумии он зиёда аз 44 млрд долларро ташкил дода, 33% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии минтақаи Осиёи Марказӣ ба Русия рост меояд”, – гуфтааст Галузин рӯзи 14 май тариқи алоқаи видеоӣ дар Конфронси IV Осиёи Марказии клуби “Валдай” дар мавзӯи “Русия ва Осиёи Марказӣ: рушд ва амният дар воқеъиятҳои тағйирёбандаи ҷаҳон”.

Ӯ зикр кардааст, ки ин ба таври назаррас аз ҳисоби гузаштани ҳисоббаробариҳо бо пули миллӣ таъмин мешавад.

“Айни замон ҳаҷми чунин ҳисоббаробариҳо бо Қазоқиситону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба 80% расида, бо Ӯзбекистон – 55% ва Туркманистон – 24%-ро ташкил медиҳад”, – таъкид доштааст муовини вазир.

Ин ҷо сари ҳисоббаробариҳои пулии байнулмилалӣ, яъне ҳисоббаробариҳо байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии кишварҳо дар савдои беруна, қарзу сармоягузориҳо ва пардохтҳои ғайритиҷоратӣ сухан меравад. Маъмулан чунин ҳисоббаробариҳо дар шакли ғайринақдӣ тариқи бонкҳо ё низомҳои пардохт амалӣ мешаванд.

Мувофиқи маълумоти омории Тоҷикистон, соли 2023 аз панҷ як ҳисса (20,5%)-и савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба Русия рост омадааст.

Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар зиёд з 1,7 млрд доллар ва муомилоти моли хориҷии умумии Тоҷикистон – беш аз 8,3 млрд долларро ташкил дода буд.

Аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 1,6 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия – 135 млн долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...