Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз ин ба баъд хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар давраи таътили зимистона ва тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат карда, таътили баҳорӣ ҳамагӣ 5 рӯз давом мекунад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ аз ҳисоби зиёд шудани таътили тобистона кам карда мешаванд.

Тавре ки дар Вазорат шарҳ доданд, қаблан мактабхонҳои Тоҷикистон ҳангоми таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10 ноябр, аз 1 то 10 январ ва аз 21 то 31 март.

Акнун бо кам шудани рӯзҳои истироҳат таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, зимистона – аз 1 то 7 январ ва баҳорӣ – аз 21 то 26 март давом мекунанд.

“Бо назардошти тағйирот, ҳафтаҳои дарсӣ аз 36 то 35 ҳафта кам шуда, дар ҳамин ҳол, чоряки чорум на 14 июн ба мисли пешин, балки 31 май ба охир мерасад ва мутаносибан таътили тобистона аз 1 июн оғоз гардида, то 31 август давом мекунад”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар робита ба хонандагони синфи якум бошад, оно 34 ҳафта дарс хонда, машғулият барои онҳо рӯзи 25 май ба охир мерасад.

“Сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, дарсҳо дар синфҳои 1-уми мактабҳои таҳсилоти миёна 25 май ва дар синфҳои 2-11-ум – 1 июн ба охир мерасанд”, – зикр карданд дар ин ниҳод.

Зимнан зикр гардид, ки имтиҳонҳо дар мактабҳо дар давраи аз 3 то 19 июн гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...