Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст

Asia-Plus

Обуҳавошиносони Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 17 май дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад.

Аммо аллакай рӯзи 18 май борони пуршиддат бо раъду барқ ва жола меборад. Ҳамчунин пурзӯр шудани вазиши шамол пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо суръати он ба 10-15 метр дар як сония мерасад.

Дар қаламрави вилояти Хатлон рӯзҳои 17-18 май ва шаби 19 май боришот, дар як қатор ноҳияҳо боришоти пуршиддат дар назар аст. Дар вилояти Суғд низ боришот пешгӯӣ шуда, 18 май дар баъзе ноҳияҳои вилоят боришот бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб вазида, рӯзҳои 17-19 май дар баъзе ноҳияҳо суръати он ба 15-20 метр дар як сония мерасад.

Дар қаламрави ноҳияҳои ғарби ВМКБ боришоти шадид (раъду барқ, жола, шабона дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон ба барф табдил меёбад) пешгӯӣ мешавад. Суръати вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мерасад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо муроҷиат ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво, хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел, каналу селроҳа ва ҷӯйборҳо тоза карда шаванд.

“Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони ноболиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд”, – тавсия медиҳад Кумита.

Ҳамчунин Кумита ба сайёҳон тавсия додаааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сайру саёҳатҳо ба мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Ба ронандагон тавсия мешавад, ки зимни ҳаракат дар ағбаву роҳҳои кӯҳӣ ҳамаи қоидаҳои ҳаракат ва тадбирҳои бехатариро риоя кунанд.

Гуфта мешавад, дар сурати пеш омадани ҳолати нохуш ё фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба телефони 112 ва ё қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 занг зананд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...