КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз шадид шудани чораҳои амниятӣ дар минтақаҳои сарҳадии кишвар хабар медиҳад. Дар ин бора изҳороти ин ниҳод дар АМИТ “Ховар” имрӯз, 17-уми май, нашр шуд. Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷиву шахсони бекшаҳрванд расонидааст, ки  “воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромад”-ро зери […]

Asia-Plus

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз шадид шудани чораҳои амниятӣ дар минтақаҳои сарҳадии кишвар хабар медиҳад. Дар ин бора изҳороти ин ниҳод дар АМИТ “Ховар” имрӯз, 17-уми май, нашр шуд.

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷиву шахсони бекшаҳрванд расонидааст, ки  “воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромад”-ро зери назорати ҷиддӣ мегирад”.

Ин ниҳод сабаби чунин тасмимро “ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон” гуфтааст.

“Тамоюли рӯ ба мураккаби вазъияти минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад”, – омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ин ниҳод аз моддаи 19-уми қонун дар бораи сарҳади давлатӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки “постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд”.

Неруҳои марзбонии кишвар аз шаҳрвандону меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки “ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд”.

“Воридшавӣ ба минтақаҳои номбурда бе риояи чунин талабот иҷозат дода намешавад”,- гуфтааст ин ниҳод.

Маълум нест, ки ин чораҳои аз кай амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.