“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард

Asia-Plus

Асри дирӯз, 23-юми май, раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисиро дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад ба хок супориданд. Дар ҳамин ҳол Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гузориши муқаддамотии Кумитаи олиро дар мавриди таҳқиқи сабаби садамаи чархболи ҳомили раиси ҷумҳур Иброҳим Раисиро мунташир кард.

Хабаргузории ИРНА гузориши ибтидоии Кумитаи олии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эронро интишор кардааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

– Чархбол дар масири пешбинишуда роҳашро тай карда ва аз масири таъиншудаи парвоз набаромадааст.

– Тақрибан якуним дақиқа пеш аз садамаи чархбол, халабони чархболи суқуткарда бо ду чархболи дигари гурӯҳи парвоз тамос гирифтааст.

– Дар ҷузъҳои боқимондаи чархболи суқуткарда осори тир ё ҷойҳои шабеҳ ба он мушоҳида нашудааст.

– Чархболи суқуткарда пас аз бархӯрд оташ гирифтааст.

– Ба далели печидагии мавзеъ, меҳгирифтагӣ (туман) ва паст будани ҳарорати ҳаво амалиёти ҷустуҷӯ то шаб тамдид шуда ва тамоми шаб идома ёфт ва субҳи барвақти рӯзи душанбе (соати 5-и субҳ) бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ нуқтаи аниқи фалокат маълум шуд ва ба ҷои ҳодиса қувваҳои хушкигарди амалиёти ҷустуҷӯ ҳозир шуданд.

– Дар муколамоти бурҷи посбонии ҳайати ҳавопаймо ягон ҳолати шубҳанок мушоҳида нашудааст.

Дар гузориши пешакии Кумитаи олӣ перомуни таҳқиқи сабабҳои садамаи чархболи ҳомили раиси ҷумҳур гуфта мешавад, ки ҷузъиёти дигари ин ҳодиса таҳқиқ мешавад ва барои ин кор вақти бештар лозим аст.

Бояд гуфт, бегоҳи дирӯз ҷасади Иброҳими Раисӣ, ҳаштумин раиси ҷумҳури Эрон дар Маҳшад ба хок супурда шуд. Инчунин дигар ҳамроҳонашро ҳам дар шаҳрҳои гуногуни Эрон дафн карданд.

Ёдовар мешавем, ки чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ рӯзи 19-уми май дар роҳи баргашт аз Табрез дар минтақаи Озарбойҷони шарқӣ суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса маҷмаан 8 нафар ҷон бохтанд. Пас аз ин 5 рӯз дар Эрон мотами миллӣ эълон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...