Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии ҷудо радабандӣ (рейтинг)-и олимпиро нав кард, лекин ҳамаи иштирокчиён рӯзи 23 июни соли 2024 расман маълум мешаванд.

Ҳаққи иштирок дар бозиҳоро 7 ҷудокори тоҷик соҳиб шуда, лекин дар Бозиҳои олимпии соли 2024 танҳо 6 нафарашон мераванд, зеро дар Париж дар як вазн танҳо як нафар аз ҳар як дастаи мунтахаб иштирок мекунад. Инҳо – Темур Раҳимов, Нуралӣ Эмомалӣ, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Комроншоҳи Устопириён буда, Муҳаммадсолеҳ Қувватов квотаи қоравӣ мегирад.

Ба сурати умум, ҳар кадоме аз намояндагони кишвар барои дарёфти роҳхат имкон дорад, лекин барои ин дар мавсим бояд дар 6 то 8 мусобиқа иштирок карда, дар онҳо ҳарчӣ бештар ба комёбиҳо даст ёбад, то ки холҳои муҳим гирад.

Радабандии олимпӣ аз ҷаҳонӣ ба таври назаррас фарқ мекунад, зеро вижагиҳои худро дорад. Дар он натиҷаҳои танҳо ду силсилаи дусолаи интихобӣ сабт мешаванд.

Варақаи радабандӣ иштирокчиёни Бозиҳои олимпии навбатиро муайян мекунад. Вобаста ба мақоми мусобиқа барои рақобат дар мусобиқаи байнулмилалӣ варзишгарон метавонанд ба холҳои гуногун соҳиб шаванд.

Барои иштирок дар Олимпиадаи соли 2024 дар ҳар як вазн ҳам байни мардон ва ҳам занон 17 квота ҷудо шудааст. Ба ин ҷо намояндагони Фаронса ҳамчун ҷониби қабулкунанда дохил намешаванд. Радабандии ниҳоӣ 23 июни соли 2024 ба нашр мерасад.

Дар мусобиқаҳо оид ба ҷудо дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар маҷмӯъ 372 варзишгар иштирок мекунанд. Аз ҳар кадоме аз Кумитаҳои миллии олимпӣ ба ҳадди ниҳоӣ 14 ҷудокор: 7 мард ва 7 зан 1 нафарӣ дар ҳар вазн иштирок мекунанд. Ба сурати умум ҷудокорони 105 кишвар ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд.

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...