КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маориф бори дигар аз асардуздии олимони тоҷик интиқод намуда, таъкид кард, ки то имрӯз аз сӯи пойгоҳи “Диссернет” асардуздии 150 олими тоҷик (номзадҳо ва докторҳои илм) фош шуда, дипломи 7 нафари онҳо беэътибор шудааст.

Ӯ гуфт, ҳарчанд асардуздии олимони тоҷик аз сӯи ин пойгоҳ фош шудааст, вале аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои муассир андешида намешаванд.

Ба таъкиди вай, баръакс, ҳолатҳои ҳимоя намудани олимони асардузд ва рӯйпӯш кардани кирдори онҳо ҷой доранд.

Роҳбари давлат гуфт, КОА исбот карда натавонист, ки “Диссернет” хато кардааст,

“Моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш таҳти унвони “Оид ба таҳқиқоти диссертатсионӣ ва ҳимояи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар ва зарурати интихоби мавзӯи рисолаи илмӣ” пешниҳод гардид, ки дар он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ дархост шудааст. Аммо аз тарафи комиссияи мазкур беасос будани хулосаҳои пешниҳоднамудаи шабакаи “Диссернет” оид ба асардуздии муаллифони рисолаҳои илмӣ исбот нашудааст ва дар ин хусус ягон далел пешниҳод нагардидааст”, – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба иттилои ӯ, то имрӯз аз ҷониби “Диссернет” 150 олими тоҷик (номзадҳо ва докторҳои илм) зимни таҳияи рисолаҳои илмӣ ба асардуздӣ гунаҳкор дониста шуда, дипломи 7 нафари онҳо бо пешниҳоди “Диссернет” аз ҷониби КОА-и Русия беэътибор эълон гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон нигаронӣ кард, ки “як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд”.

Ӯ гуфт, ҳимояи рисолаҳо тибқи сенарияи пешакӣ сурат мегирад, ки аз фаъолияти сохтакоронаи шӯроҳои ҳимоя гувоҳӣ медиҳад.

Роҳбари давлат ба олимон суол гузоштаст, ки “чунин вазъият ба обрӯи миллати тоҷик ва илми тоҷик чӣ қадар зарба мезанад?”

“Вақте мо ҳамеша мегӯем, ки гузаштагони мо ҳанӯз дар асрҳои миёна поягузорони шохаҳои гуногуни илм буданд, оё чунин рафтор ба шаъни мо нангу шармовар нест?”, – пурсидааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо нигаронӣ карда, гуфт, “яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати корҳои илмӣ хунукназарии шӯроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда мебошад”.

Ӯ нигаронӣ кард, ки кори илмие, ки дар як шӯрои илмӣ иҷозати дифоъ намегирад, дар кӯтоҳтарин фурсат дар шӯрои диссертатсионии дигар ҳимоя мешавад.

 

Беш аз 60 олими тоҷик дар рӯйхати “Диссернет”

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.

Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир беш аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард.

Дар байни онҳо мансабдорони сатҳи баланди ҳукумати Тоҷикистон низ ҳастанд.

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ё КОА-и Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охири худ, натиҷаи таҳқиқоти пойгоҳи “Диссернет” – ро фармоишӣ номида гуфт, ин кори дасти худи тоҷикон аст ва барои он маблағи калон сарф мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...