Беаҳамиятӣ ё ноогоҳӣ? Дар атласи ҷуғрофии кӯдакона номи Тоҷикистон нест

Меҳрангез Султонзода, "Asia-Plus"

 

Чанде пеш, Зулфия Голубева, рӯзноманигори тоҷик бо ин суол ба аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат кард. Ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ аксу навори "Атласи ҷаҳон барои кӯдакон"-ро аз нашриёти "Проф-пресс"-и Русия, ки Тоҷикистон дар харитаи он ишора нашудааст, гузошт.

Чанд донишномаи дигар бо ғалатҳои шабеҳ дар мағозаҳои Тоҷикистон дар фурӯшанд. Мо кӯшиш намудем муайян кунем.

Матлаби Зулфия Голубева дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳу вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. “Чӣ гуна метавон як кишварро дар харита қайд накард?” – дар ҳайратанд истифодабарандагон.

“Азия-Плюс” ба яке аз мағозаҳои маъруфи канселярӣ – “Килк” муроҷиат кард. Дар растаҳои ин мағоза атласи зикршуда фурӯхта мешуд ва чуноне муайян гардид, дар харитаи Осиёии ин атлас Тоҷикистон дар ҳақиқат зикр нашудааст.

Атлас ғалатҳои дигар низ дорад: дар харитаҳои он ба ҷойи Қирғизистон Киргизия ва ба ҷойи Туркманистон Туркмения навишта шудааст. 

Тавре маълум шуд, ин атлас 4 сол аст, ки дар мағозаҳои китобфурӯшии кишвар фурӯхта мешавад, вале то ин дам ғалатҳои онро касе пайдо накарда буд. Намояндагони “Килк” мегӯянд, ки аллакай бо нашриёти “Проф-Пресс” тамос гирифтаанд, аммо то ҳол аз онҳо ҷавоби расмие нест. 

“Проф-Пресс” яке аз бузургтарин нашриёти ҷануби Русия буда, ҳамасола он беш аз 800 номгӯи нави китобҳоро чоп мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мағоза китоби номбурдаро аз фурӯш гирифтааст. Онҳое, ки ин атласро аз мағозаҳои “Килк” харидорӣ намудаанд, метавонанд онро багардонида, пулашро бозпас гиранд.

 

Дигар донишномаҳо дар чӣ вазъанд?

Чунонки маълум шуд, атласи зикршуда намунаи ягонаи беаҳамиятӣ ва иштибоҳи касбии ноширони китоб нест. Дар мағозаҳои китобфурӯшии кишвар атласи мусаввари бачагонаи “Ҷаҳон ва инсон”-ро аз нашриёти русии “АСТ”, ки соли 2022 чоп шудааст, пайдо намудан мумкин аст.

Атласи ранга бо харитаи кишварҳо, халқиятҳо ва табиат, бешубҳа диққати кӯдаконро ҷалб карда, омӯзиши ҷуғрофияро шавқовар месозад, вале дар харитаи топографии Осиё, ки пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои азими минтақа ишора гардидаанд, Душанбе ва Бишкек қайд нашудааст. 

Дар саҳифаи баъдӣ харитаи сиёсии Осиё инъикос ёфтааст, ки дар он Душанбе ва Бишкек ишора гардидаанд, аммо дар он ба ҷойи Қирғизистон Киргизия навишта шудааст.

Дар ду харитаи дигари минтақаи Осиё – харитаҳои фарҳангӣ ва табиӣ низ Душанбе ва Бишкек ишора нашудаанд.

Дар атлас ва донишномаҳои дигар, ки дар фурӯшгоҳҳои Душанбе фурӯхта мешаванд ва мо бо муҳтавои онҳо шинос шудем, маълумот дар бораи Тоҷикистон кам аст ва ё умуман нест. 

Атласу донишномаҳо ва китобҳои омӯзишӣ аз нашриётҳои Русия бо маълумоти ҷолибу шавқовар дар растаҳои Тоҷикистон кам нестанд, вале ин гуна китобҳо бо забони тоҷикӣ низ мавҷуданд. Яке аз чунин китобҳо “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон” аз нашриёти “Эр-граф” аст, ки соли 2016 нашр шудааст. Дар он дар бораи таърихи тоҷикон аз аҳди қадим то замони муосир нақл мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт

Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигори тоҷик ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт имрӯз, 28-уми март, дар 59-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм баст. Хабари даргузашти марҳумро...

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...