Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Зиёда аз 431 ҳазор кӯдак (яъне ҳар як кӯдаки сеюм) дар синни то панҷсолагӣ дар Тоҷикистон ғизои пурра ва гуногунро, ки барои афзоиш ва рушди хубтарин зарур аст, истеъмол намекунад.

Дар ин бора дар гузориши ЮНИСЕФ бо номи «Камбуди ғизо дар кӯдакон: Норасоии ғизо дар кӯдакӣ» маълумот дода мешавад.

Ин вазъият хатари инкишофи лоғарӣ (харобӣ)-и хатарноки марбут ба серӣ хӯрок нахӯрданро 50% зиёд мекунад.

“Ин аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст, ки 1 нафар аз 4 кӯдакро ташкил медиҳад. Кӯдаконе, ки аз ҳашт гурӯҳи муайяншудаи маҳсулоти ғизоӣ на бештар аз дутоашро истеъмол мекунанд, дар ҳолати норасоии шадиди ғизо барои кӯдакон қарор доранд», – шарҳ медиҳанд муаллифони гузориш.

Дар гузориш оқибатҳо ва сабабҳои норасоии ғизо миёни кӯдакон дар тақрибан 100 кишвари ҷаҳон мавриди таҳлил қарор гирифта, гурӯҳҳои гуногун аз лиҳози сатҳи даромад баррасӣ мешаванд.

Меъёрҳои норасоии шадиди хӯрок

Кӯдаконе, ки аз ҳашт гурӯҳи муайяншудаи маҳсулоти ғизоӣ на бештар аз дутоашро истеъмол мекунанд, дар ҳолати норасоии шадиди ғизо барои кӯдакон қарор доранд

Ин кӯдакон витаминҳо ва минералҳои заруриро, ки  барои саломатӣ ва рушди онҳо бисёр муҳим аст, гирифта наметавонанд.

Омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва оқибатҳои пандемия

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки кишварҳо то ҳол ба рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи COVID-19 машғуланд.

Афзоиши нобаробарӣ, низоъҳо ва буҳрони иқлим ба болоравии рекордии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва арзиши зиндагӣ оварда расонданд. Ин омилҳо вазъиятро бадтар намуда, дастрасӣ ба ғизои пурраву комилро барои бисёре аз оилаҳо боз ҳам душвортар мегардонанд.

Сабабҳои буҳрони глобалии норасии ғизо дар кӯдакон

Буҳрони норасоии ғизо дар кӯдакон дар саросари ҷаҳон бо чанд омилҳои калидӣ ба вуҷуд омадааст:

Системаҳои нокомили ғизоӣ: Онҳо кӯдаконро бо маҳсулоти хӯроквории серғизо, бехатар ва дастрас таъмин намекунанд.

Маҳдудиятҳои молиявӣ: Бисёре аз оилаҳо ба харидани маҳсулоти хӯроквории серғизо имкон надоранд.

Таҷрибаи нодурусти ғизодиҳӣ: Волидайн аксар вақт дар бораи ғизодиҳии дурусти кӯдакон дониши кофӣ надоранд.

Паҳнкунии маҳсулоти носолим: Дар бисёр кишварҳо ба волидайн маҳсулоти арзону камғизо, аз ҷумла маҳсулоти ултракоркардшуда ва нӯшокиҳои ширинкарда пешниҳод мекунанд. Ин маҳсулот вариантҳои бештар солимро аз ғизои кӯдакон берун мекунанд.

Ивази хӯроквории серғизо бо алтернативаҳои носолим:

Гуфта мешавад, ҳиссаи кӯдакони хурдсол, ки дар шароити норасоӣ аз хӯрок зиндагӣ дошта, маҳсулоти ултракоркардшуда ва нӯшокиҳои дорои миқдори зиёди қанд истеъмол мекунанда, боиси нигаронӣ мебошад.

Ин маҳсулот хӯроквории серғизо ва солимро иваз карда, истеъмол ва вазъи умумии солимии онҳоро боз ҳам бадтар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...