Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, махсус барои Asia-Plus

Шоми дирӯз, 6-уми июн, футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии панҷуми марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0 бар 3 мағлуб шуданд.

Нимаи якуми ин рақобат бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 анҷом ёфт. Урдуниҳо ҳар се голи худро дар қисми дуюми бозӣ ба ҳадаф расониданд.

Баъди ин бохт сарфи назар аз бозии охири Тоҷикистон, ки бар муқобили Покистон дар Душанбе баргузор мегардад, футболбозони тоҷик имконияти роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдии бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонро аз даст доданд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, лоиҳаи стратегияи рушди футбол дар Тоҷикистон – “Орзу-2026”, ки солҳо қабл барои рушди футболи кишвар ва роҳхат гирифтани тими миллӣ ба Ҷоми Ҷаҳон-2026 татбиқ шуда буд, ноком шуд.

Тими миллии Тоҷикистон якҷо бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Урдун ва Покистон дар гурӯҳи “G”-и мусобиқот ҷой гирифта буд.

Баъди бозиҳои даври панҷум аз ин гурӯҳ ду даста, Арабистони Саудӣ ва Урдун зинаҳои якум ва дуюми гурӯҳро ишғол карда, ба марҳилаи сеюми рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 роҳи худро ҳамвор сохтанд. Дар баробари ин, ин дастаҳо роҳхати Ҷоми Осиё-2026-ро ҳам ба даст оварданд.

Тоҷикистон дар панҷ бозии худ бо як ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт соҳиби 5 имтиёз гардида, дар зинаи сеюми гурӯҳ мавқеъ касб кардааст.

Бояд гуфт, ки дар таърихи футболи тоҷик ягон маротиба дастаи мунтахаби футболи кишвар ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон роҳ наёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон аз 11 июн то 19 июли соли 2026 баргузор мегардад ва бори нахуст се кишвар – Канада, Мексика ва ИМА ин мусобиқаро мизбонӣ мекунанд. Ҳамчунин бори аввал дар ин мусобиқот 48 даста иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...