Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ

Asia-Plus

Дар шабонарӯзи гузашта бинобар риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар Тоҷикистон ду навраси дигар дар об ғарқ шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фақулода (КҲФ) хабар медиҳад.

Ба ититилои манбаъ, ҳарду ҳодиса соати 14:10 рӯзи 6-уми июни соли 2024 дар Сирдарё рух додааст. Ҳарду сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд буда, дар ҷои манъшудаи дарё ба шиноварӣ машғул шудаанд.

“Чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ роҳандозӣ шуданд ва соати 15:30 ҷасади наврасон пайдо ва ба мақомотҳои дахлдор супорида шуд”,- гуфтааст КҲФ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш, шиноварӣ дар ҷойҳои номувофиқ, надонистани шиноварӣ ва бепарвоии волидон мебошанд, ки кӯдаконро дар назди обанборҳо бе назорат мегузоранд.

КҲФ ба наздикону хешовандони ноболиғон ҳамдардӣ крада, аз  дигар сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки худро эҳтиёт ва қоидаҳои рафтор дар обро риоя кунанд.

Бино ба омори ахир аз аввали сол дар обҳои кишвар 52 нафар ғарқ шудаанд, ки тахминан ниме аз онҳо бачаҳои синну соли томактабиву мактабианд.

Мутахассисон ба ин назаранд, ки сабаби аслии ғарқ шудани тифлону ноболиғоз беназорати аз ҷониби волидайн ва оббозӣ дар манотиқест, ки шиноварӣ манъ шудааст.

 

Чӣ бояд кард ҳам оббозӣ кунем ва ҳам ғарқ нашавем?  Тавсияҳои КҲФ 

Дар ҳамин ҳол, бо оғоз шудани мавсими оббозӣ дар саросари кишвар КҲФ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон якқатор тавсияҳо манзур кардааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт.

Тавсияҳои дигар чунинанд:

– Аввалин бор бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм  ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст. Вақти хубтар барои шино дар давоми шабонарўз соати 8-10-и субҳ ва 17-19-и бегоҳ, на барвақттар аз якуним соат пас аз истеъмоли ғизо мебошад.

– Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси марг гардад!

– Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд дам гирифт. Шиновари хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.

– Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард.

– Шумо набояд аз ҷову маконҳои нишонагузоришуда дуртар равед.

– Ба об оҳиста дохил шавед, дар ҳолате, ки об то миён расид, истед ва зуд ғӯта занед. Агар ба қувваи худ боварӣ надошта бошед, танҳо шиноварӣ накунед.

– Дар дарёчаҳо, кўлҳо ва наҳрҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, азҳушравӣ ва фавт шуда метавонанд.

– Ба қаиқҳо, заврақҳо ва киштиҳои бузург наздик шудан мумкин нест.

– Ҳангоми шиноварӣ бо шӯхиву бозӣ аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад.

– Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест.

– Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонидашуда оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...