Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст

Asia-Plus

Шоҳрух Саидзодаи 37-сола, ки 7 сол сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД буд, бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба ҷои Бароталӣ Ҳамидзода, сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст. Дар ин бор як манбаъ аз ВКД хабар дод.

Бароталӣ Ҳамидзода соли 2022 сардори милитсияи пойтахт таъин шуда буд. Маълум нест, ки ӯ ба чӣ вазиф таъин шудааст.

Шоҳрух Саидзода, ки аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, рутбаи генерал-майори милитсия дорад ва дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, муовин ва аз соли 2017 то 2024 сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД буд.

Ӯ ҳамчунин, президенти дастаи футболи «Истиқлол» аст ва яке аз дустони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гуфта мешавад.

Хадамоти матбуотии президент иттилоъ медиҳад, ки дар мувофиқа бо раисҷумҳури инчунин, Абдулло Навҷувонов, аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва Баҳодур Ваҳобзода, аз мансаби сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт низ аз вазифа озод шудаанд. То ҳол маълум нест, ки ба ҷои онҳо кӣ таъин шудааст ва худи онҳо ба чӣ мансабе ҷойгузин шуданд. 

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ИДМ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия низ аз вазифа барканор ва шахсони дигар таъин шудаанд.

“Сардорони шуъбаҳои якум ва дуюм дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ, сардорони шуъбаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Хуҷанд, Кӯҳистони Мастчоҳ,  Деваштич, Истиқлол, Хуросон, Норак, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ, Роғун, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд”,-гуфта мешавад дар иттилояи Хадамоти матбуоти президент.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин онҳоро “ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар ҳидоят намуда, доир ба мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму ифротароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона, ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас” гузоштааст. 

Ӯ ҳамчунин, онҳоро ба донистани забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, такмили донишу маҳорати касбӣ ва омодагии ҷисмонӣ даъват кардааст.

Хабар такмил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...