Ҳамкорӣ бо СММ ва як қатор давлатҳо: гуфтушунидҳои президент дар доираи конфронси об

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, рӯзи 11 июн бо як қатор намояндагони кишвар ва созмонҳои хориҷӣ дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст ӯ бо раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис вохӯрда, ниҳоди муҳим будани Созмон ва нақши он дар қабули қатъномаҳои ҳаётан муҳимро зикр кард.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва СМ баррасӣ шуд: ба СММ барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва дастгирӣ аз тадорукоти Конфронси кунунии Душанбе изҳори сипос кард.

Ҷонибҳо масоили қабул ва амалисозии барномаҳо, аз қабили “Барқарорсозии эътимод ва эҳёи ҳамбастагии ҷаҳонӣ”, “Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор”, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030”-ро муҳокима намуданд.

Обшавии босуръати пиряхҳо мушкилоти дигар дар раванди тағйирёбии иқлим номида шуда, қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумӣ дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иқдоми саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба бахшҳои судовар чун кишоварзӣ  ва саноат, ба хусус саноати сабуку хӯрокворӣ, гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.

Ба  роҳандозии содироти маҳсулоти алоҳидаи кишоварзии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад дидору гуфтушунид кард.

Ҷонибҳо зимни баррасии маҷмуи масоили ҳамкорӣ алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстонаву судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ изҳор доштанд.

Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ, сармояву инноватсионӣ, маориф, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ аз омилҳои муҳимми тақвиятбахши муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...