“Барои харидани либосҳои мактабӣ пул кор мекунам”. Чаро кӯдакон дар кӯчаву бозор ба аробакашӣ машғуланд?

Шаҳноз Ализода, махсус барои "Asia-Plus"

Шурӯъ аз соли 2002 ҳамасола дар ҷаҳон 12-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо меҳнати кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ҷашн гирифтани ин рӯз, ҷалби диққат ба мушкилии меҳнати кӯдакон ва пайдо намудани роҳҳои пешгирии он мебошад. Вале тавре дида мешавад, кӯдакони зиёде дар бозору кӯчаҳо дар Тоҷикистон ба меҳнати ҷисмонии вазнин ва ҳатто хатарнок машғуланд.

Дар сатҳи қонунгузорӣ, санадҳои зерқонунӣ инчунин, ҳуҷҷатҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро ба тасвиб расонидааст, истифода бурдан аз меҳнати кӯдакон ё ҷалби онҳо ба меҳнати иҷборӣ манъ аст.

Аз ҷумла, дар қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки соли 2011 қабул шуд, ба фаъолияти савдогарӣ ва намудҳои дигар, ба истилоҳ, пулкоркунии наврасони то синни 20-сола манъ аст.

Ин қонун аробакашӣ, фурӯши борхалтаҳои пластикӣ, мошиншӯӣ ва умуман тамоми намуди савдогарии наврасонро ғайриқонунӣ мекунад. Дар сурати идомаи ин намуди фаъолият падару модари чунин наврасон ҷарима хоҳанд шуд.

Вале як мушоҳидаи мо дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе нишон дод, ки ноболиғони аз 7 то 16 сола аз вазъи бади молиявӣ ва дастгирӣ нашудан аз тарафи волидонашон ба аробакашӣ, фурӯши селофан ва дигари корҳои вазнин ва хатарнок машғуланд.

Аҳмад (ном иваз карда шудааст-муаллиф), як навраси 14-сола, ки ду сол боз аробакашӣ мекунад, гуфт, аз маҷбурӣ ба ин кор машғул аст ва волидайнаш муқобили ин кор нестанд.

Ӯ, ки дар синфи 8 мехонад, дар суҳбат бо Азия-Плюс“ гуфт, мехоҳад ба волидайнаш кӯмак кунад ва баъзе хароҷоти худро аз ҳисоби аробакашӣ пӯшонад.

Аҳмад дар давраи мактаб баъди дарсҳояш ба бозор меомад ва ҳоло, ки таътил аст, тамоми рӯз бори мардумро то беруни бозор мебарад.

“Дар як рӯз аз 50 то 100 сомонӣ кор мекунам, хароҷотҳои худамро мепӯшонам. Дар аввал мушкил буд ҳоло одат кардам”,‑ гуфт ин ноболиғ.

Муҳаммад (ном иваз карда шудааст-муаллиф), ноболиғи дигари 13-сол аст, ки 1,5 сол мешавад бо ароба ба фурӯши меваю сабзавот машғул аст.

Ӯ аз дохили бозор маҳсулотро қарз гирифта, дар беруни бозор ва кӯчаҳои аҳолинишин мефурӯшад. Пас аз фурӯш фоидаи борҳоро гирифта, боқимонда қарзашро бармегардонад.

Ду сол мешавад, ки падару модараш аз ҳамдигар ҷудо шудаанд ва ин сабаб шуд, ки ба кори ҷисмонӣ машғул шавад.

“Падарам ба мо кам ёрдам мекунад, фарзанди калонӣ, ки ҳастам ба модарам барои чархонидани зиндагӣ кӯмак мекунам. Ҳоло замони таътил барои харидани либосҳои мактабӣ барои худаму додару хоҳарам пул кор карда истодаам. Кор кардан мушкил аст, аммо маҷбур ҳастам, ки дар ҳавои гарми тобистон дар кӯчаву бозор савдогарӣ кунам”, ‑ гуфт Муҳаммад.

Ӯ ҳоло тарбузу харбуз мефурӯшад ва даромади рӯзонааш то 70 сомонӣ аст. Вай гуфт, ки вақте аз пули кораш ба хоҳару бародараш  хӯрданӣ мехарад, ба  хона бо ифтихор меравад.

Омори расмии охир дар бораи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон соли 2012 нашр шудааст. Он замон Оҷонсии омори кишвар дар ҳамкорӣ бо Барномаи байналмилалии барҳам додани меҳнати кӯдакони Созмони Байналмилаии Меҳнат аввалин таҳқиқотро оид ба меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон  гузарониданд.

Тибқи маълумотҳои ба дастомада, ҳиссаи кӯдакони коргар он вақт 23,4 фоиз (522 ҳазор нафар буд). Сатҳи баландтарини шуғл (45,5фоиз) миёни писарони аз 15 то 17 сола мебошад. То ҳол омори дақиқи навшуда, аз ҷумла оид ба миқёси меҳнати кӯдакон вуҷуд надорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...