Беш аз 95 ҳазор довталаб. Даври дуюми сабти номи довталабон дар Маркази милли тестӣ оғоз шуд

Муҳаммадназар Наҷмиддинов,Asia-Plus

Рӯзи 10-уми июн даври дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар оғоз гардид. Дар ин бора саҳифаи расмии Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, даври дуюми сабти номи довталабон то 30-юми июн давом мекунад. Ин давра аз сабти номи довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараву Рашт ба роҳ монда мешавад.

Гуфта мешавад, ки он довталабоне, ки худро дар давраи аввали бақайдгирӣ номнавис кардаанд, имкон доранд, ки дар даври дуюм бо пардохти 30 сомонӣ интихобҳои худро иваз кунанд.

Дар хабар гуфта шудааст, ки "довталабоне, ки худро дар ин давр барои иштрок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ сабти ном мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ, ки 12-уми июл дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар ва Кӯлоб баргузор карда мешавад, месупоранд. Аз ин лиҳоз, довталабони мазкур ҳангоми бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ барои имтиҳонсупорӣ яке аз ин чор шаҳрро интихоб карда метавонанд".

Аз ММТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки дар давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба макотиби миёна ва олии касбии кишвар 95 ҳазору 289 нафар худро сабти ном кардаанд.

“Теъдоди довталабон нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023-юм зиёдтар аст. Аз ҷумла, шумораи довталабони синфи 11 нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 4420 ва синфи 9-ум 3944 нафар бештар мебошанд”, – гуфтанд аз ММТ.

Ба иттилои ин ниҳод, дар давраи аввали бақайдгирӣ бештари довталабон ихтисосҳоро аз гурӯҳи панҷум, яъне тиб, биология ва варзиш интихоб караанд. Дар ин давра таваҷҷӯҳи довталабон нисбат ба ихтисосҳои “кластер”-и якум, яъне табиӣ ва техникӣ камтар будааст.

Ёдрас бояд кард, ки давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2024 аз 1-уми март то 30-юми апрел давом карда буд. Баъдан ММТ ин мӯҳлатро боз то дуюми май дароз кард.

Қаблан ММТ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши иштирок дар имтиҳоноти дохилшавиро барои соли 2024 эълон карда буд.

Бояд гуфт, ки имсол бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегард. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.

Давраи сеюми бақайдгирии довталабон дар асоси ҷойҳои холимонда гузаронида мешавад. Аммо дар давраи чоруми бақайдгирӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...