Марги се зоири тоҷик дар маросими Ҳаҷ-2024

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки шаҳрвандони ҳалокшуда сокинони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Фархор буда, ҷасади онҳо дар Арабистони Саудӣ ба хок супорида шуданд.

Аммо шахсияти нафарони ҷонбохта ва синну соли онҳо маълум нест ва аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ҳам дар ин бора иттилоъ надоданд.

Қаблан “Франс-Пресс ” иттилоъ дода буд, ки дар маросими ҳаҷҷи фарзии имсола дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ беш аз 1000 кас ҷон бохтаанд. Вазорати тандурустии ин кишвар сабаби марги бештари зоиронро ба гармии беш аз 50 дараҷа рабт додааст.

Бояд зикр кард, ки соли ҷорӣ давлати Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.

Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аввалин гуруҳи зоирон 23-юми июн ба ватан бармегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...