ВКД ҷузъиёти боздошти се ҷавонро, ки тариқи телефон ва барои “табобату раҳоии пайвандон” аз сокинон пул гирифтаанд, ифшо кард

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Пулиси Душанбе навори видеоии се ҷавонро нашр кард, ки қаблан бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз зангҳои телефонӣ боздошт шуда буданд. Гумонбарон гуфтаанд, ки тавассути канали Телеграм кор ёфта, ба номи Виктор Николаевич пул фиристодаанд, ки шахсияташ дар навор ифшо нашудааст.

Ду нафари онҳо Фарҳод Мамараимови 32-сола ва Рустам Шарофиддинови 33-сола гуфтаанд, ки барои фиристодани пул ба андозаи 10%-и маблағи ба Виктор Николаевич фиристодаашон ҳақ мегирифтаанд. Тибқи нақша, вазифаи ҷавонон танҳо ҳамчун миёнарав аз қурбониён пул гирифта фиристодан будааст.

Гумонбари сеюм, сокини 23-солаи пойтахт Амина Акобирова иддао дорад, ки аз тариқи Телеграм ба ӯ пешниҳоди кор омадааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки вазифааш расонидани ашё ва пул аст ва ӯ розӣ шудааст.

Ба қавли ӯ, борҳо аз мардум (шахсияти қурбониён маълум нест) пул гирифта, ба онҳое, ки корашро пешниҳод кардаанд, фиристодааст. Барои хизматҳояш як бор 1000 сомонӣ ва дафъаи дигар 7000 сомонӣ гирифтааст.

Аммо ин ниҳод мушаххас нагуфтааст, ки боздоштшудаҳо аз қаллобӣ будани аъмоли худ огоҳ буданд ё на, бо он далелҳои тақаллуби телефонӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи “Азия-Плюс” нашр шудаанд, иртиботи хосе доштанд ё на.

Ёдовар мешавем, ки дар хусуси боздошти ин се нафар дирӯз Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дода буд. Ин навишта буд, ки боздоштшудагон узви гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ буда, тариқи бо расонидани хабарҳои бардурӯғ ва фиребгариву қаллобӣ аз сокинон 62 ҳазор доллар гирифтаанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ин гурӯҳ рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, ба онҳо дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд.

Ҳоло маълум нест, ки боздоштшудагон рақамҳои телефони сокинонро чӣ гуна дастрас кардаанд ва ҳамакнун, нисбати онҳо мушаххасан бо кадом банди Кодекси ҷиноятӣ иттиҳом эълон шудааст.

Ҳамчунин, назари худи боздоштшудагон ва ё пайвандону вакилони дифоашон низ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир фиребгариву қаллобӣ тавасути телефон дар Душанбе бештар шудааст, ки дар он ҳамлагарон бо истифода аз фанновариҳои зеҳни сунъӣ ба садои хешовандони наздики қурбониён тақлид мекунанд ва аз онҳо маблағи калонро ба даст меоранд. Дар ин бора  сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд ва мардумро огоҳ месозанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...