Тоҷикистон аз рӯи сатҳи маош аз Афғонистон қафо монд?

Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии музди меҳнати миёнаи моҳона тибқи фарзияи CEOWorld Magazine байни 196 кишвар Тоҷикистон зинаи 143-юмро ишғол намуд.

Муаллифони радабандӣ музди меҳнати миёнаи моҳона дар Тоҷикистонро 169 доллар (1800,32 сомонӣ бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи 20 июн) нишон додаанд.

Шояд зимни таҳияи радабандӣ маълумоти тоза ба инобат нагирифта шуда бошад, зеро Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки маоши миёнаи номиналӣ дар аввали моҳи апрели соли равон 213 доллар (2273,80 сомонӣ)-ро ташкил дода буд.

Агар маълуомти нав ба инобат гирифта шавад, пас дар радабандӣ Тоҷикистон бояд дар зинаи 138-ум қарор гирад. Дар ин мақом бо маоши миёнаи баробар ба 205 доллар Афғонистон ҷойгир шудааст.

Дар ҳама гуна ҳолат, аз лиҳози сатҳи музди меҳнати миёна Тоҷикистон миёни 5 кишвари Осиёи Марказӣ (бидуни Афғонистон) зинаи охирро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти нашркардаи CEOWorld Magazine, маоши баландтаринро дар минтақа шаҳрвандони ин кишварҳо мегиранд:

Дар радабандии ҷаҳонӣ кишварҳои зикршуда мутаносибан дар зинаҳои 80 ва 83-юм қарор доранд.

Дар дигар кишварҳо музди меҳнати миёна нисбатан пасттар аст:

Байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) маоши беҳтарин дар Русия – 2159 доллар (зинаи 34-ум дар ҷаҳон) ба қайд гирифта шудааст. Дар идома ин давлатҳо қарор доранд:

Музди меҳнати нисбатан паст дар чунин кишварҳо низ ба қайд гирифта шудааст:

Дар Сенегал, Либерия, Мадагаскар, Нигер, Мавритания, Ҷумҳурии халқии демократии Корея, Лесото, Ангола, Малави ва Мали музди меҳнати миёна камтар аз 50 доллар зикр шудааст.

Дар куҷо мардум аз ҳама беҳтар зиндагӣ мекунанд?

Аз рӯи сатҳи музди меҳнат зинаи 1-умро Швейтсария ишғол мекунад, ки ба ҳисоби миёна 8111 долларро ташкил медиҳад. Байни давлатҳое, ки маоши миёна дар онҳо аз 5 ҳазор доллар зиёд аст, ин кишварҳо қарор гирифтаанд:

Қобили зикр аст, ки дар аксари кишварҳо ҷойҳои корӣ бо маоши баланд дар соҳаҳои молия, суғурта, электроэнергетика, саноати истихроҷи кӯҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ, савдои чакана ва маориф пешниҳод мешаванд.

Маоши пасттарин дар соҳаҳои тиҷорат дар меҳмонхона, бахши кишоварзӣ ва сохтмон пардохт мешудааст.

Аммо зимни муқоисаи музди меҳнат дар кишварҳои гуногун ба инобат гирифтани таваррум низ муҳим аст. Тайи солҳои ахир дар бисёре аз давлатҳо сатҳи баланди таваррум ба мушоҳида расида, он ба қобилияти харидории аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...