Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 1400 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Хоҷагиҳои моҳипарвари Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 1 ҳазору 411,5 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд. Барои қиёс, мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар кишвар 1 ҳазору 640 тонна моҳӣ истеҳсол шуда буд.

Яъне, аз оғози сол ҳар моҳ дар кишвар 353 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Дар 6 моҳи аввали соли 2023 ин нишондод ба 273 тонна моҳӣ дар ҳар моҳ баробар буд.

Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли ғизо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, як нафар дар давоми сол бояд 9 кило моҳӣ ва маҳсулоти моҳӣ истеъмол кунад. Бо назардошти шумораи аҳолӣ, ки зиёда аз 10 млн нафарро ташкил медиҳад, дар кишвар бояд ҳамасола 90 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол шавад.

Ба иттилои вазорат, ба ҳолати 1 майи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 385 хоҷагии моҳипарвар дар майдони 75 ҳазору 968 гектар – тақрибан 73 ҳазору 342 гектар дар обанборҳо ва 2 ҳазору 627 гектар дар ҳавзҳо, фаъолият доранд, ки ин нисбат ба соли гузашта 4 хоҷагӣ бештар аст.

Афзун гардидани миқдори хоҷагиҳои моҳипарвар, масоҳати ҳавзҳо, бунёди коргоҳҳои инкубатсионӣ ва истеҳсоли кирминамоҳиҳо, хӯроки омехтаи моҳӣ, зиёд намудани навъи моҳиҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол аз омилҳои асосии рушди соҳа номида мешаванд.  

“Инчунин, барои рушди моҳипарварӣ ва зиёд намудани таъминоти бозори дохилии кишвар зиёд гардидани моҳиҳои зотию такмилӣ барои такрористеҳсолкунӣ, таъмиру азнавсозии иншооти обтаъминкунӣ ва техникаву технологияи моҳипарварӣ ва воридоти технологияҳои муосир мусоидат карда метавонад”, – мегӯянд дар вазорат.

Ҳамаи ин талабот ба “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дохил карда шуда, тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, зина ба зина амалӣ шуда истодаанд. 

Барои мисол, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 168 тонна моҳӣ ворид карда шудааст, ки ин бори дигар аз кофӣ набудани истеҳсоли моҳӣ дарак медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...