Дар нишасти СҲШ дар Остона киҳо иштирок мекунанд ва кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Asia-Plus

Дар пойтахти Қазоқистон – Остона имрӯз, 3 июл нишасти 24-уми васеи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз мекунад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дод, cубҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ин нишаст ба Остона рафт.

Дар ин сафар сарвари давлати Тоҷикистонро муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар нишасти Остона баррасии масоили муҳими ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дар назар аст. Нишаст таҳти шиори "Тақвияти муколамаи бисёрҷониба – кӯшиш ба сӯи сулҳу рушди устувор" баргузор мегардад.

Раисикунанда дар нишасти Остона президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қаблан изҳор дошт, ки иштирокчиёни нишасти Остона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо даъвати оғоз намудани муколамаи ошкоро ва содиқонаи глобалӣ, қабули сохт (парадигма)-и нави амниятӣ, эҷоди муҳити одилонаи иқтисодӣ ва талошҳо барои ҳифзи тозагии сайёра муроҷиат хоҳанд кард.

Дар бораи ҷузъиёти нави ин сохт (парадигма) Токаев чизе нагуфт.

Дар кори нишаст ҳамчунин сарони давлатҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. Қирғизистон – Садир Жапаров, Русия – Владимир Путин, раиси Чин – Си Ҷинпин, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон – Субраманям Ҷайшанкар иштирок мекунанд.

Покистонро сарвазир Шаҳбоз Шариф, Эронро  иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар Муҳаммад Мухбир намояндагӣ мекунанд.

Шакли васеи нишаст иштироки сарони давлатҳои шарики созмон оид ба муколамаро пешбинӣ мекунад. Байни онҳо Озарбойҷон (Илҳом Алиев), Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркманистон (дар конститутсияаш мақооми бетарафӣ дорад) ва Туркия ҳузур доранд. Туркияро президенти он Раҷаб Тайиб Эрдуғон намояндагӣ мекунад.

Аз созмонҳои байнулмилалӣ дар нишасти Остона дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ИДМ – Сергей Лебедев ва СААД – Имангалӣ Тасмагамбетов иштирок мекунанд.

Дар назар аст, ки дар оғози вохӯрӣ дар Остона Беларус ба сифати узви нави комилҳуқуқи созмон пазируфта мешавад. Ин кишварро дар нишаст президент Александр Лукашенко намояндагӣ мекунад. Айни замон Беларус ҳамроҳи Муғулистон (аз ин кишвар президент Ухнаагийн Хурэлсух меояд) дар созмон мақоми давлати нозирро доранд.

Боз як давлати нозири созмон аз лиҳози ҳуқуқӣ Афғонистон мебошад, лекин ҳузури толибон дар нишасти Остона тасдиқ нашуд, ҳарчанд Қазоқистон онҳоро аз сафи террористон хориҷ кард.

Дар мақолаи раиси Чин дар “Казинформ” Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки нишасти Остона «оилаи бузурги кишварҳои узви иттиҳодро муттаҳид намуда, саҳифаи навро дар ҳамкорӣ боз хоҳад кард».

Ба иттилои РИА Новости, имрӯз дар кӯчаҳои Остона техникаи ҳарбӣ ҷойгир шуда, роҳҳоро гоҳ-гоҳ барои гузаштани ҳайатҳо мебанданд. Дар чандин нуқтаҳо мошинҳои зиреҳпӯш ва техникаи вазнинтар гузошта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...