Мусодираи беш аз 60 силоҳи сард аз ноболиғону ҷавонон дар Душанбе

Asia-Plus

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти "Корд" дар шаҳри Душанбе аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Ин ниҳод гуфт, дар умум 51 корд, 7 кастет, 2 битта, 1 электрошокер ва 1 табар мусодира шудааст.

“Нигаронкунанда он аст, ки 60-адади чунин предметҳо маҳз аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шуда, нисбати волидайни онҳо тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Ин ниҳод нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёд дар мавриди таълиму тарбияи  наврасон ва ба ҷавобгарии маъмурӣ  кашидани онҳо боз ҳам истифода ва бо худ гирифтани силоҳи сард аз ҷониби наврасону ҷавонон қатъ намешавад.

Хабарҳо низ дар мавриди мусодираи силоҳи сард аз сокинон зуд – зуд нашр мегардад.

Аз ҷумла, як рӯз қабл дар шаҳри Душанбе Муҳаммадрофеъ Худойназарови 19-сола барои бо худ доштани корд боздошт шуд. Гуфта мешавад, ки ин бори аввал нест, ки полис ӯро барои бо худ доштани силоҳи сард дастгир мекунад.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе,  ин дафъа зимни кофтуков аз Худойназаров як корд мусодира шудааст. Айни ҳол нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба муҳлати 3 рӯз ба ҳабс гирифтаанд.

Ин ниҳод бори дигар аз волидон ва масъулони тарбияи наврасон даъват кардааст, бахусус дар таътили тобистона ба фарзандонашон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд.

Бояд гуфт, амалиёти “Корд”, ки ҳадафаш ошкор ва мусодираи силоҳи сард аз миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон аст, аз соли 2019 ин ҷониб бо мақсади пешгирии низоъҳо ва таъмини амният дар шаҳр гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи банди 3 моддаи 492 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон “ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани силоҳи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда” манъ буда, дар сурати риоя накардани ин банди қонун ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда ҷарима таъйин карда мешавад.

Агар чунин кирдор дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такрор шавад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...