Барои хешованд дар Сурия ва интиқолҳои пулӣ. Ҳабси Алишер Исматзода то охири моҳи август

Asia-Plus

Додгоҳи Шербинскии шаҳри Маскав дархости тафтишотро қонеъ намуда, мурабии мунтахаби Русия оид ба гӯштини тарзи озод Алишер Исматзодаро дар парвандаи марбут ба мусоидат ба терроризм ба ҳабс гирифт.

Тавре ки РИА Новости хабар медиҳад, нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан то 28 август таъин шуд.

Исматзода ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 205.1, қ 1-и Кодекси ҷиноятии Русия, ки ба терроризм марбут аст, гумонбар дониста мешавад. Дар ин модда то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Муфаттиш дар ҷаласаи додгоҳ изҳор дошт, ки яке аз хешовандони Исматзода дар Сурия меҷангад ва дар Тоҷикистон мавриди пайгард қарор дорад. Ӯ инчунин зикр кард, ки Исматзода қаблан шаҳрванди Тоҷикистон буд ва дар ин кишвар робитаҳои устувор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Исматзода инчунин ба шахсоне, ки барои фаъолиятҳои террористӣ маҳкум шудаанд ё ба чунин ҷиноятҳо гумонбар мешаванд, маблағ интиқол медод. Дар байни онҳо маблағҳои 1 ҳазор, 9 ҳазор ва 100 рубл ҳам ҳастанд.

Худи Алишер Исматзода дар додгоҳ шарҳ дод, ки ӯ бо хешованде, ки ба Сурия рафтааст ва инчунин бо шахсони пайрави исломи тундагаро муошират намекард.

"Интиқолҳо ба Мамедов буданд, ӯ он замон як шаҳрванди одӣ буд, дар таксӣ кор мекард, мо лавозимот барои машқи гӯштин мехаридем… Ман худам шахси оиладор ҳастам ва исломи анъанавиро пайравӣ мекунам", – таъкид кард Исматзода, бидуни шарҳ додани кӣ будани Мамедов.

Ҳимоятгарон дар навбати худ гуфтанд, ки ба мард амалан ҷиноят дар шакли интиқоли маблағҳои хурд барои лавозимот таҳмил мешавад, дар ҳоле ки тафтишот ҳатто натавонистааст маълумотро дар бораи ин муомилот ба шакли пешбинишудаи қонунӣ алоқаманд созад.

"Зерҳимояи мо ҳеҷ гоҳ дар созмонҳои террористӣ иштирок накардаву  нақшаи иштирокро низ дар онҳо надорад, зиндагии дунявӣ мебарад, ба ҷомеа мутобиқ шуда, се фарзанди ноболиғ дорад… Мо ба бегуноҳии ӯ исрор дорем", – изҳор доштааст адвокат, ки дар ин марҳила барои зерҳимояаш ҳабси хонагӣ дархост кард.

Алишер Исматзода – зодаи Тоҷикистон, устоди варзиши Русия оид ба гӯштии тарзи озод, корманди омӯзишгоҳи захиравии олимпии №1 аст. Федератсияи гӯштини варзишии Русия тасдиқ кардааст, ки ӯ мураббии дастаи занонаи мунтахаби Русия аст. Қаблан зикр гардида буд, ки Исматзода ахиран инчунин вазифаи мураббии дастаи ҷавонони мардонаи Русия оид ба гӯштии тарзи озодро иҷро мекард. Дар бораи боздошти мураббӣ 1 июл маълум шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...