Пешниҳоди таҷрибаи саноатикунонии вилояти Свердовски Русия ба Қоҳир Расулзода

Asia-Plus

Раиси вилояти Свердловски Русия Евгений Куйвашев ба сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешниҳод намуд, ки аз таҷрибаи босуръат саноатикунонии ин минтақа истифода барад.

Иқтидорҳои вилояти Свердловск – бузургтарин маркази саноатии Урал ва тамоми Русия – метавонанд барои татбиқи барномаи рушди босуръати саноатӣ дар Тоҷикистон истифода шаванд.

Рӯзи 7 июл зимни вохӯрии корӣ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «INNOPROM» дар шаҳри Екатеринбург раиси вилояти Свердловск Евгений Куйвашев изҳор намуд, ки дар ин самт вилоят ба табодули таҷриба омода аст. Дар ин бора дар сомонаи раиси вилоят хабар дода мешавад.

«Вилояти Свердловск роҳи бузургеро аз минтақаи қолабии “кӯҳнаи саноатӣ” то субъекти дорои истеҳсолоти баланди технологӣ ва иқтисоди устувор тай кардааст. Мо омодаем, ки таҷриба ва иқтидорҳои худро барои татбиқи барномаи рушди босуръати саноатӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кунем. Ҳоло мо ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ рушд медиҳем», – иброз дошт Евгений Куйвашев.

Аз ҷумлаи лоиҳаҳои муваффақи ҳамкории дуҷониба ӯ таъмини таҷҳизоти энергетикиро дар доираи лоиҳа оид ба пайвастани Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, коркарду бо нуриҳои минералӣ ғизо додани заминҳои кишт ва истихроҷи сурмаро ном бурд.

Раиси вилоят гуфт, айни замон онҳо лоиҳаи навсозии инфрасохтори гидротехникиро дар вилояти Суғди Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.

«Ширкатҳо ва корхонаҳои минтақаи Урал омодаанд тамоми маҷмӯи корҳоро аз таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ то таъмини таҷҳизот ва маводҳо, гузаронидани корҳои сохтмону насб ва таъмири системаи обёриро анҷом диҳанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Евгений Куйвашев, минбаъд ин таҷрибаро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ истифода бурдан имкон дорад.

Инчунин, раиси вилоят дар бораи таҷрибаи ғании ширкатҳои Свердловск дар сохтмони иншооти инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ ва ташкили намоишгоҳҳо изҳори назар кард.

«Дар ин замина, вилояти Свердловск омода аст, ба ҳамкорони худ аз Тоҷикистон малакаҳо ва ҳалли омодашударо дар сохтани марказҳои савдо-логистикӣ, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод кунад. Илова бар ин, корхонаҳои Урали Миёна ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ-геологӣ, таҳқиқ ва рушди кони маъданҳо дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд», – гуфт ӯ.

Самти муҳими ҳамкориро губернатори вилояти Свердловск татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ (дар соҳаи маориф) номид. Ӯ зикр кард, ки коллеҷҳои вилояти Свердловск барои таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ бо муассисаҳои Тоҷикистон омодаанд, то ки барои бахши воқеии иқтисод кадрҳои баландихтисос омода кунанд.

Ҳамин тавр, Донишгоҳи кӯҳии Урал аллакай ба татбиқи лоиҳаи касбомӯзии "Геологи ҷавон" дар мактабҳои Тоҷикистон оғоз кардааст, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба соҳаи кӯҳкорист.

Коҳир Расулзода, дар навбати худ ба рушди муносибатҳои шарикӣ дар самтҳои гуногун изҳори итминон кард.

«Русия шарики асосии стратегии мост. Саҳми вилояти Свердловск дар рушди муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон бебаҳост. Минтақаи шумо дорои иқтидорҳои саноатии пешрафта буда, барои ҳамкорӣ имкониятҳои беназир дорад», – иброз дошт сарвазири Тоҷикистон.

Дар анҷоми вохӯрӣ Евгений Куйвашев намояндагони саноати мӯди Тоҷикистонро даъват кард, ки ғояҳо (идеяҳо) ва маҳсулоти худро дар Ҳафтаи байналмилалии мӯд UF LAB, ки дар моҳи август дар Екатеринбург баргузор мешавад, муаррифӣ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2004 байни ҳукумати вилояти Свердловск ва ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ созишнома ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...