Гузориши БАОР: афзоиши бесобиқаи интиқоли пул ба Тоҷикистон идома дорад

Date:

Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 56% зиёд шуд. Дар ин бора дар Гузориши ҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) хабар дода мешавад.

Таҳлилгарон инро ба «болоравии ҷараёни муҳоҷирати байнулмилалӣ ва фаъолнокии баланди иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон» рабт медиҳанд.

Мутахассисони Бонк зикр мекунанд, ки  ин маълумотҳо арзёбиҳои онҳо дар бораи динамикаи интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистонро ҳамчун мусоид барои иқтисод тасдиқ мекунанд.

«Мо интизор дорем, ки афзоиши ҳаҷми воридоти маблағҳо тариқи интиқол яке аз омилҳои рушди ММД-и кишвар ба 8,0% дар соли 2024 хоҳад шуд», – гуфта мешавад дар Гузориш.

Қаблан дар Гузориши Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба муҳоҷирати корӣ бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ “ногаҳон афзуда”, то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд аст.

Соли 2023 тамоили зикршуда идома ёфта, аз рӯи натиҷаҳои сол ба ҷумҳурӣ 5,7 млрд доллар маблағ ворид гардид, ки 6,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.

То соли 2022 ҳаҷми нисбатан зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2013 – ҳудуди 3,7 млрд доллар ба қайд гирифта шуда буд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аксари муҳоҷирони тоҷик мардони синни аз 15 то 44-сола буда, интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо ба хароҷоти хонаводаҳо, бахусус ба харидории маҳсулоти ғайриозуқа ва таълим саҳми назаррас доранд.

Самти асосии муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон Русия боқӣ монда, бино ба маълумоти гуногун, дар ин кишвар зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе мутахассисон дар Тоҷикистон афзоиши назарраси ҳаҷми интиқоли пул дар ду соли охирро натанҳо ба афзоиши фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия, аз ҷумла бо сабаби рушди саноати мудофиа, балки ба афзоиши сатҳи муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷик ба Аврупо ва Амрикои Шимолӣ низ рабт медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дастрасӣ ба маълумоти расмӣ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул дар Тоҷикистон беш аз 10 сол боз ғайриимкон аст. Маълумот дар бораи интиқолҳои фаромарзӣ аз Русия пештар дар сомонаи Бонки марказии Русия дастрас буд, аммо пас аз оғози низоъи мусаллаҳонаи Россия ва Украина ин маълумот дигар нашр намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...