АСА 178: Рақобати ду тоҷики ду сӯйи Ому ва даъват барои бекор кардани ин разм

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Рӯзи 10 август дар Маскав мусобиқа оид ба муҳорибаҳои омехтаи АСА 178 доир мегардад, ки рақобати асосии он қувваозмоӣ дар вазни гарон байни Евгений Гончаров ва Адам Богатирёв хоҳад буд. Дар ҳамин ҷо  варзишгарони тоҷик низ рақобат мекунанд.

Дар худи лига хабар доданд, ки дар яке аз қувваозмоиҳои пешакӣ тоҷикони ду сӯйи Ому – Оятулло Муминов ва Абдул-Карим Бадахшӣ рақобат мекунанд. Оятулло Тоҷикистонро намояндагӣ карда, Бадахшӣ аз ҷониби Афғонистон ба қувваозмоӣ мебарояд.

Пас аз эълони рақобат мухлисони тоҷик аз ноиби президенти АСА Аслонбек Бадаев даъват карданд, ки ин қувваозмоӣ бекор карда шуда, барои онҳо ҳарифони нав дарёбанд. Аз худи варзишгарон хоҳиш шуд, ки аз ин рақобат даст кашанд.

Аслонбек Бадаев изҳор дошт, ки онҳо медонистанд, ки ин ду тоҷик муқими кишварҳои гуногун буда, тибқи қарордод, бояд ҳарду рӯзи 16 август дар Маскав ҳунарнамоӣ кунанд.

“Барои Муминов ва Бадахшӣ дигар ҳарифони аз рӯи сатҳ муносиба набуд, ҳарчанд номзади Масъуд Замонов ҳам зикр шуд, лекин ӯ ҳам тоҷик аст, – гуфт ӯ. – Онҳо метавонистанд баъдтар рақобат кунанд, лекин тасмим гирифтанд, ки дар моҳи авгугст қувваозмоӣ мекунанд”.

Зимни суҳбат бо «Metaratings» Бадаев изҳор доштааст, ки бисёриҳо менависанд, ки “ин қувваозмоӣ бекор шавад, лекин мо нақшаву интизориҳои худро дорем”.

Дар тӯли ҳунарнамоии худ Бадахшӣ 7 ғалабаву 2 бохт ва Муминови 23-сола 12 ғалабаву 4 бохт доранд.

Дар доираи ин мусобиқа ҳамчунин Аъзам Ғаффоров аз Тоҷикистон бо Қурбон Ҳоҷиев аз Русия рақобат мекунад. Ин даври нимфиналии Гран-прии АСА 178 дар Маскав аст. Ғолиби ин қувваозмоӣ дар финал бо Азамат Пшуков рақобат хоҳад кард

Ҳамчунин қуваозмоии навбатии худро дар Маскав намояндаи Тоҷикистон Давлат Чӯпонов баргузор мекунад. Ӯ ба муқобили варзишгар аз Қирғизистон Шерғозӣ Кенжебеков ба толор мебарояд. Дар ин мусобиқа рақобатҳои зерин пешбинӣ шудааст:

Кард (рақобатҳо)-и асосии мусобиқа

Евгений Гончаров (20-3) Русия – Адам Богатирев (9-3) Русия

Қурбон Ҳоҷиев (19-3) Русия – Аъзам Ғаффоров (15-3) Тоҷикистон

Ҳоҷимурод Хиромагомедов (11-4) Русия – Рене Пессоа (25-10) Бразилия

Руслан Шамилов (12-5) Русия – Тилек Машрапов (12-5) Қирғизиситон

Карди пешакӣ

Виталий Слипенко (16-5) Русия – Винисиус Круз (10-4) Бразилия

Анатолий Бойко (10-1) Русия – Узаир Абдураков (17-1-1) Русия

Беҳрӯз Зуҳуров (16-6) Тоҷикистон – Глеб Хабибуллин (9-1-2) Русия

Анис Ёқубов (8-1) Тоҷикистон – Сайгид АБдулаев (7-2) Русия

Давлатманд Чӯпонов (10-5) Тоҷикистон – Шерғозӣ Кенжибаев (5-3) Қирғизистон

Оятулло Муминов (12-3) Тоҷикистон – Абдул-Карим Бадахшӣ (7-2) Афғонистон

Данияр Тойчубек (8-0) Қирғизистон – Александро Прайя (10-3) Бразилия

Искандар Мамадалиев (4-1) Тоҷикистон – Николай Алексахин (25-7) Русия.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...