Алишер Шукуров аз “Динамо”-и Тифлис ба “Вахш” гузашт

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Футболбози мунтахаби Тоҷикистон ва тими “Динамо”-и Тифлис (Гурҷистон) Алишер Шукуров тариқи иҷора ба дастаи футболи “Вахш”-и Бохтар гузашт.

Директори варзишии тим Муҳсин Муҳаммадлиев расман хабар дод, ки акнун ӯ муддати 6 моҳи оянда дар”Вахш” бозӣ хоҳад кард.

“Алишер Шукуров тариқи иҷора дастаи “Динамо”-и Тифлисро тарк карда, шаш моҳи оянда дар ҳайати “Вахш”-и вилояти Хатлон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ӯро ба даста хушомадед мегӯем!”, – иброз доштааст ӯ.

Айни замон Алишер ҳамроҳи дастаи “Вахш” дар мавзеи Сафед-Дара ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои даври дуюми чемпионат ва Ҷоми кишвар машқҳои назарияву ҷисмонӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки аввали мавсим Шукуров бо яке аз дастаҳои маъруфи Гурҷистон – “Динамо”-и Тифлис ба муҳлати ду сол қарордод ба имзо расонид.

Дар тими мунтахаби Тоҷикистон Шукуров 6 бозӣ гузаронидааст. Дар Ҷоми футболи Осиё дар Қатар Алишер дар ҳамаи 5 вохӯрӣ дар маҷмӯъ 459 дақиқа бозӣ кард. Ин футболбозро коршиносон ва мухлисон чеҳраи наву ояндадор дар мунтахаби Тоҷикистон номиданд.

Дар ҳайати дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими соли 2021 Шукуров дар 36 бозӣ иштирок кард. 17 октябри соли 2023 бори нахуст дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо Малайзия иштирок карда, дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 дастболо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...