Аз корхонаи “Ғаюр Гурӯҳ” то “Нонпаз”. Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ кадом иншооти навро ифтитоҳ карданд?

Date:

Имрӯз, 16 ‑ уми июл, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт корхонаҳои ҶДММ “Нонпаз”, марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии “Ғаюр Гуруҳ”, ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” ва тарабхонаи “Баҳор – Форел”-ро ба истифода доданд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президент, ҶДММ “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.

Дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.

Гуфта шудааст, ки дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки аз ҷиҳати самаранокии неруи барқ каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд. Дар назар аст баъди пурра ба истифода додани корхонаи мазкур аз 200 то 400 нафар ба ҷойи кор таъмин гарданд. Корхонаи мазкур дар масоҳати 4 ҳазору 800 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкор  Усмон Мирзоалиев бунёд гардидааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ҳамчунин, имрӯз дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гуруҳ” марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, қолабҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ “Ғаюр Гуруҳ”  ифтитоҳ шуд.  Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Акбар Асадулло бунёд шудааст.

Ба навишти манбаъ таҷҳизоти корхона аз ширкати “Старлингер”-и Австрия харидорӣ гардидааст. Марҳилаи аввали корхонаи мазкур соли 2020 ба кор оғоз карда буд.

Гуфта шудааст, ки корхона дар оянда иқтидори истеҳсолиро аз 70 миллион  халтаҳои полипропиленӣ то ба 120 миллион расонида, талаботи бозори дохилӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, кимиё ва ғайраро пурра бо ин маҳсул таъмин мекунад. Алҳол дар корхона 140 нафар кор мекунанд, дар оянда сафи коргарон ба 600 нафар расонида мешавад.

Дар зимн зикр шудааст, ки хати истеҳсоли қолабҳои чопӣ низ имкон дорад, ки маҳсулоташро на танҳо барои фурӯзонакҳои диодӣ, инчунин барои 150 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз қабили яхдон, кондитсионер, телевизор, камераҳои назоратӣ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва ҳамчунин мошинсозию мебелбарорӣ истеҳсол кунад.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Ҳамчунин дар ноҳияи Синои пойтахт ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” низ ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тиллоро дар бар гирифта, имкон дорад давоми як сол то як тонна тиллоро коркард кунад.  

Гуфта шудааст, ки коргоҳ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин сохта ба истифода дода шудааст. Дар корхона ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва дигар коргоҳҳо мавҷуд аст.

Маҳсулоти омодакардаи коргоҳ дар мағозаи ин иншоот рӯнамоӣ гардидааст. Корхонаи саноатӣ аз ду бинои ду ва се ошёна иборат буда, дар масоҳати 30 содиқ замин қомат афрохтааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Баъди нисфирӯзӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Сино бинои тарабхонаи “Баҳор – Форел” – ро ифтитоҳ карданд.

Иншооти мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлолият аз ҷониби Саймуҳриддин Сайфов соҳибкор ва роҳбари ҶДММ “Баҳор” бунёд гардидааст. Қаблан 10 ноябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварии  ҶДММ “Баҳор” дастур дода буд, ки дар пойтахти кишвар нуқтаҳои фурӯши гулмоҳӣ ва хӯрокҳои аз он омодашударо таъсис диҳанд. 

Бинои мазкур се ошёна ва таҳхона дошта, аз се толори калон, ҳуҷраҳои алоҳидаи оилавӣ, нуқтаи фурӯши моҳӣ ва дигар ишнооти ёрирасон иборат аст.  Иншоот дар масоҳати қариб як гектар сохта шуда, зиёда аз 100 нафарро бо кор таъмин мекунад. Тарабхона дар як вақт  имкони хизматрасонӣ ба 500 нафарро дорад.

Дар тарабхонаи мазкур асосан хӯрокҳо аз моҳӣ омода шуда инчунин навъҳои дигари хӯрокҳои милливу аврупоӣ  омода карда мешавад ва ҳудуди 100 намуди хӯроку хуришро пешниҳоди мизоҷон мекунад.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...