Шикояти кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз пастии маош

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ҳудуди 525 ҳазор гектар замин бо об таъмин карда шудааст. Дар ин бора дар сомонаи Агентӣ хабар дода мешавад.

Тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ин давра дар ҳаҷми 1,81 млрд.м3, бо арзиши 87,2 млн.сомонӣ об расонида шудааст.

“Дар ин давра ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ  ҳолати мелиоративии 3788 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд, зеро бо қарори ҳукумат, имсол беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9811 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Ғайр аз ин, корҳои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва баргардонидани майдонҳои аз гардиши кишоварзӣ баровардашуда низ идома доранд.

Тибқи нақша, то соли 2027 бояд 3410 гектар заминҳои нав азхуд шуда, 900 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд.

Азхудкунии маблағҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 8,0 млн. доллари ИМА ё худ 75% нақша ва аз аввали татбиқи лоиҳа 66,6 млн.доллари ИМА ё худ 37%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ бо маблағи 1,2 млн. сомонӣ майдони 1422 гектар, буҷети маҳаллӣ бо маблағи 0,55 млн. сомонӣ майдони 697 гектар, аз ҳисоби  хоҷагиҳои деҳқонӣ бо маблағи 1 млн. сомонӣ майдони 1197 гектар замин ва аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо маблағи 0,68 млн. сомонӣ майдони 401 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳ гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, бо сабаби саривақт пардохт нашудани хидматрасониҳо, Агентӣ наметавонад қарзи “Барқи тоҷик”-ро ба маблағи 132,7 млн сомонӣ аз истифодаи барқ барои кори пойгоҳҳои обкашӣ пардохт кунад.

Мушкили дигари Агентӣ маоши паст мебошад. Айни замон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ҳудуди 6 ҳазор нафар машғули кор буда, маоши онҳо ба ҳисоби миёна 879 сомониро ташкил медиҳад. Ин каме зиёдтар аз музди меҳнати минималӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки аз 1 июл ба 800 сомонӣ баробар шуд.

Барои беҳтар шудани вазъ Агентӣ аз мақомоти маҳаллӣ даъват намудааст, ки ҷиҳати саривақт пардохт шудани хидматрасониҳо оид ба истифода об тадбирҳо андешида, барои беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳо маблағ ҷудо кунанд.

Ҳамчунин дар Агентӣ бар ин назаранд, ки барои татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва минтақавӣ ҷудо гардидани маблағҳо аз буҷет зарур буда, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ рӯйи даст гирифтани тадбирҳо лозим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...