“Барои талаби ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият”. Раиси додгоҳи Ш.Шоҳин ба латукӯби сарбози Қушунҳои сарҳадӣ гумонбар аст

admin

Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтори раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро таҳқиқ дорад, ки ба латукӯби як сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар марз бо Афғонистон гумонбар мешавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи Ш. Шоҳин ба он гумонбар аст, ки 8-уми июл як сарбози Нерӯҳои марзбониро дар гузаргоҳи назоратии “Дараи об” (барои пурсидани ҳуҷҷати тасдиқкунанда) бо мушт задааст. Назари Муминзода ба ин ҳодиса дастрас нест.

Додрасҳо аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи вилояти Хатлон, ҳоло Додгоҳи олӣ таҳқиқоти дохилӣ анҷом медиҳад ва агар гуноҳи ӯ собит шавад, исмашро барои барканорӣ ба президент пешниҳод мекунанд. Дар ин сурат, имкон дорад, ки додситонӣ парвандаи ӯро таҳқиқ кунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, баҳс миёни сарбоз Фирӯз Атовуллоев ва раиси додгоҳ вақте сар задааст, ки аз ӯ хостаанд, нафари ҳамроҳи додрас буда шиносномаи худро нишон диҳад.

"Ҳоло додрас мегӯяд, сарбоз ӯро задааст, вале дар наворҳо дида мешаванд, ки ӯ сарбозро задааст. Ҳанӯз дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифт нашудааст,"—гуфт манбаъ аз Додгоҳи вилояти Хатлон.

Гузаргоҳи “Дараи Об”, ки баҳс онҷо шудааст, дар марз бо Афғонистон ҷойгир шуда, ҳамзамон аввалин гузаргоҳ аз пойтахту вилояти Хатлон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

"Чанд вақт шуд, ки бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, сарбозон дар посгоҳҳои назди марзӣ ба касе иҷозаи гузаштан намедиҳанд. Раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо як ҳамроҳаш ба посгоҳ меояд ва ҳуҷҷати худашро нишон медиҳад. Вақте сарбоз аз ҳамроҳи раиси додгоҳ ҳуҷҷат мепурсад, ӯ ҳуҷҷаташро нишон намедиҳад ва раиси додгоҳ аз мошин фаромада, сарбозро ду-се мушт мезанад. Сарбоз ҷароҳат мебардорад. Ҳамон вақт дигар сарбозони дар посгоҳ буда, онҳоро халос мекунанд. Нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст, аммо зидди додрас ё судя парванда боз шудааст ё не, ҳоло маълум нест,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як манбаи дигар аз қисми Қисми марзбони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки онҳо баъди латукӯб шудани сарбозашон, Сарраёсати қушунҳои сарҳадиро хабардор карда буданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо дастури Сарраёсати марзбонӣ, сарбозро аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҳам гузаронидаанд.

Латукӯби сарбоз дар камераҳои назоратӣ низ сабт шудааст. Дар наворҳои сабтшуда дида мешавад, ки Зоҳир Муминзода аз мошин фаромада сарбозро бо мушт мезанад.

Талошҳои мо барои суҳбат бо Зоҳир Муминзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то ин дам бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудан, назари Муминзода ба матлаб илова мешавад.

Посгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар марз бо Афғонистон қарор дошта, дарвозаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор меравад. Ҳамаи онҳое, ки ба ВМКБ ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сафар мекунанд, танҳо бо нишон додани шиноснома иҷозаи убур дарёфт мекунанд.

Зоҳир Муъминзода, соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуда буд. Пеш аз ин, Муъминзода додраси Додгоҳи вилояти Хатлон буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...