Эрон гуфт, ки дар сӯиқасд ба Доналд Трамп даст надорад

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Вазорати умури хориҷии Эрон иддаои расонаҳои амрикоӣ дар робита ба нақш доштани Эрон дар сӯйиқасд ба ҷони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешин ва номзади кунунӣ ба маснади раисиҷумҳури Амрикоро рад намуд ва онро “муғризона” унвон кард.

Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки кишвараш “ҳар гуна дахолат дар ҳамлаи мусаллаҳонаи охир ба Трампро рад мекунад”.

Ӯ гуфтааст, ки аз нигоҳи Эрон “Трамп ҷинояткор аст, ба хотири содир кардани дастури террори Қосим Сулаймонӣ бояд дар додгоҳ муҷозот шавад”, аммо кишвари Эрон талаб дорад, ки ба он қазия танҳо посухи ҳуқуқӣ дода шавад.

“…аммо Ҷумҳурии исломӣ ҳар навъ мудохила дар ҳамлаи охир алайҳи Трамп ва ё иддаоҳо дар мавриди қасди Эрон барои чунин иқдомеро шадидан рад мекунад ва чунин иддаоҳоро дорои аҳдоф ва ангезаҳои муғризонаи сиёсӣ медонад”, – изҳор доштааст Носир Канъонӣ.

Қаблан намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид низ иддаои нақшаи Теҳрон барои қатли Трампро рад карда ва онро “бе асос ва муғризона” хонда буд.

Бояд гуфт, ки рӯзи сешанбе шабакаи телевизионии CNN бо такя ба манобеаш иддао кард, ки кишвари Эрон дар террори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико даст дорад.

Ин манбаъ ба CNN афзудааст, ки Хадамоти махфии Амрико, ки амнияти мақомоти баландпояро таъмин мекунад, аз ҳамин сабаб вазъи амниятии номзадҳои ҷумҳурихоҳро афзоиш додааст.

Аммо як намояндаи Шӯрои амнияти Амрико таъкид кардааст, ки то ба ҳол иртиботе миёни ҳамлагар ба ҷони Трамп ва гурӯҳ ё давлати хориҷие муайян нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми июл дар рафти ҷамъомади пеш аз интихоботӣ дар иёлати Пенсилвания ба ҷони Доналд Трамп сӯиқасд шуд ва раиси ҷумҳури пешини Амрико дар ин ҳодиса аз гӯши росташ ҷароҳат бардошт. Дар ин ҳодиса тирандоз ва яке аз иштирокдорони гирдиҳамоӣ кушта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...