Манбаъ: Шокирҷон Ҳакимов боздошт шудааст

Asia-Plus

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ва яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик қариб як ҳафта инҷониб нопадид аст. Манобеи огоҳ ва расонаҳо аз боздошти ӯ хабар медиҳанд.

Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, Шокирҷон Ҳакимов тахминан як ҳафта пеш, пас аз 12-уми июли соли 2024, аз сӯи мақомоти қудратӣ ба бозпурсӣ даъват шудаву дигар ба хона барнагаштааст.

Пайвандони Шокирҷон Ҳакимов аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд, аммо ду манбаи “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ӯ боздошт шудааст. Вале онҳо низ дақиқ нагуфтанд, ки алайҳи Шокирҷон Ҳакимов парванда боз шудааст ё не.

Ба иттилои манобеъ, боздошти Шокирҷон Ҳакимов ба тафтиши парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” аз ҷониби Додситонии кулли кишвар боздошт гардид, рабт дорад. Инро нуктаро манобеи Радиои Озодӣ низ зикр кардаанд.

Талошҳои мо барои тасдиқи хабари боздошти Шокирҷон Ҳакимов аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бенатиҷа анҷомид. Ба занги телефонии мо ҷиҳати шарҳи хабар дар Додситонии кул талаби мактуби расмӣ карданд.

Бояд гуфт, пештар аз ин, 16-уми июл Шокирҷон Ҳакимов дар маросими ҷанозаи модараш, ки дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом баргузор шуд, дида нашудааст.

Шокирҷон Ҳакимов 19-уми апрели соли 1966 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Шокирҷон Ҳакимов 58 сол дорад ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад.

Ӯ  солҳо боз муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар робита ба масоили гуногун назару андешаҳои худро иброз медорад.

Чанд сол ӯ мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон буд.

Муаллифи зиёда аз 120 таълифоти илмӣ ва илмӣ-методӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...