Раиси додгоҳе, ки барои латукӯби сарбоз муттаҳам мешуд, аз вазифа озод ва аз мақомоти судӣ комилан ронда шуд

Asia-Plus

Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ки ба латукӯби як сарбози Кӯшунҳои сарҳадӣ муттаҳам мешавад, дар пайи интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа барканор ва аз мақомоти додгоҳӣ ронда шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо нафароне, ки ба вазифаҳои нав дар мақомоти судӣ, додситонӣ, Вазорати мудофиа, Агентии зиддифасод, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд ниҳоди назди ҳукумат таъин шуданд, ба кирдори раиси додгоҳи Шамсиддини Шоҳин таваҷҷуҳ карда, онро сахт интиқод кардааст.

“Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”, – навишт ин манбаъ.

Бояд гуфт, дар бораи ҳодисаи мазкур аввалин маротиба Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ ду рӯз пеш, 16-уми июл, хабар дода, навишт, ки додрас Зоҳир Муминзода ба он гумонбар аст, ки 8-уми июл як сарбози Нерӯҳои марзбониро дар гузаргоҳи назоратии “Дараи об” (барои пурсидани ҳуҷҷати тасдиқкунанда) бо мушт задааст.

Гузаргоҳи “Дараи Об”, ки баҳс онҷо шудааст, дар марз бо Афғонистон ҷойгир шуда, ҳамзамон аввалин гузаргоҳ аз пойтахту вилояти Хатлон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ва чанд вақти охир барои убури ин гузаргоҳ аз сокинон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пурсида мешавад.

Ба иттилои ин расона, баҳс миёни сарбоз Фирӯз Атовуллоев ва раиси додгоҳ низ вақте сар задааст, ки аз ӯ хостаанд, нафари ҳамроҳи додрас буда шиносномаи худро нишон диҳад.

“Раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо як ҳамроҳаш ба посгоҳ меояд ва ҳуҷҷати худашро нишон медиҳад. Вақте сарбоз аз ҳамроҳи раиси додгоҳ ҳуҷҷат мепурсад, ӯ ҳуҷҷаташро нишон намедиҳад ва раиси додгоҳ аз мошин фаромада, сарбозро ду-се мушт мезанад. Сарбоз ҷароҳат мебардорад. Ҳамон вақт дигар сарбозони дар посгоҳ буда, онҳоро халос мекунанд. Нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст, аммо зидди додрас ё судя парванда боз шудааст ё не, ҳоло маълум нест”, – нафишта буд Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои як ҳамсӯҳбаташ.

Ба навиштаи ин расона, лаҳзаи латукӯби сарбоз дар камераҳои назоратӣ сабт шудааст. Дар наворҳои сабтшуда дида мешавад, ки Зоҳир Муминзода аз мошин фаромада сарбозро бо мушт мезанад.

Аммо талошҳо барои суҳбат бо Зоҳир Муминзода бенатиҷа будааст.

Бояд гуфт, Зоҳир Муъминзода, соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...