Маҳаллаи тозатарини Душанбе. Чӣ тавр сокинон иқдоми ободонию тозагиро тӯли 30 сол нигоҳ доштанд?

Ин маҳаллаи намунавиест, ки бо номи “Испечак ‑ М16” дар шаҳри Душанбе машҳур аст. Ҳар ҳафта рӯзи шанбе сокинони он ҳашари дастаҷамъона ташкил мекунанд. Дар ин маҳалла давоми 30 мешавад, ки аз ҷониби сокинон иқдоми ободонӣ ва тозагӣ амалӣ мешавад.  Дар шанбегӣ занону духтарон, мардҳо ва кӯдакон иштирок мекунанд. Қариб ҳама инфрасохтори атрофро низ сокинон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ин маҳаллаи намунавиест, ки бо номи “Испечак ‑ М16” дар шаҳри Душанбе машҳур аст. Ҳар ҳафта рӯзи шанбе сокинони он ҳашари дастаҷамъона ташкил мекунанд.

Дар ин маҳалла давоми 30 мешавад, ки аз ҷониби сокинон иқдоми ободонӣ ва тозагӣ амалӣ мешавад.  Дар шанбегӣ занону духтарон, мардҳо ва кӯдакон иштирок мекунанд.

Қариб ҳама инфрасохтори атрофро низ сокинон бунёд кардаанд – курсиҳо, сӯҳбатгоҳ, қуттиҳои партов, хаёмаи барҳаво барои маъракагузаронӣ ва ҳамчунин саҳни маҳалларо бо сангфарш пӯшонидаанд.

Нахустин маротиба иқдоми ободониро соли 1995 зане бо номи Зайнаб Улфатшоева, раиси аввали маҳалла ҷорӣ кардааст.

Давоми 10 соли охир Фахрия Абдуҳамидова, раиси нав, ин анъанаро давом медиҳад.

Дигар маълумоту фактҳои ҷолибро дар навори зерин бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.