Бонки ҷаҳонӣ аз камшавии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон интизорӣ дорад

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, ки омили муҳими рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошад, коҳиш хоҳанд ёфт. Ин интизорӣ бо эҳтимоли авҷ гирифтани шиддатёбии вазъ дар ҷаҳон ва минтақа ва пурзӯр шудани қоидаҳои будубош дар қонунгузории муҳоҷирати Русия асоснок карда мешаванд. «Амали террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар Маскав ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, ки омили муҳими рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошад, коҳиш хоҳанд ёфт.

Ин интизорӣ бо эҳтимоли авҷ гирифтани шиддатёбии вазъ дар ҷаҳон ва минтақа ва пурзӯр шудани қоидаҳои будубош дар қонунгузории муҳоҷирати Русия асоснок карда мешаванд.

«Амали террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар Маскав ба пурзӯр шудани сиёсати муҳоҷират дар Русия ва ҳамчунин рейдҳои мақомоти пулис дар мавриди санҷиши муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон боис гардид, ки хавфи кам шудани ҷараёни интиқоли маблағро зиёд мекунад», – омадааст дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки даромадҳо аз интиқоли пул ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон нақши назаррас доранд. Онҳо ҳамчунин таъкид мекунанд, ки норасоии ҷойҳои корӣ ва музди меҳнати кам ҳанӯз ҳам ба афзоиши ҷараёни муҳоҷират мусоидат мекунанд.

«Музди меҳнате, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Русия ба даст оранд, хеле баландтар аст дар ватанашон аст», – омадааст дар гузориш.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соҳаи сохтмон ҳамоно серталабтарин бахши шуғли муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боқӣ мемонад, ки дар он коргарон дар Русия дар як моҳ ба ҳисоби миёна 810 доллар ва дар Тоҷикистон бошад, ҳамагӣ 277 доллар маош мегиранд.

Ё, масалан, музди меҳнат дар соҳаи савдои чакана дар Русия дар як моҳ ба ҳисоби миёна 608 доллар ва дар Тоҷикистон ҳамагӣ 154 долларро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар бахши коммуналӣ дар Русия 612 доллар (111 доллар дар Тоҷикистон) мебошад.

Дар гузориш зикр шудааст, ки аъзои оилаи ҳудуди 42%-и хонаводаҳои Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қаблан дар Гузориши Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба муҳоҷирати корӣ бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ “ногаҳон афзуда”, то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд аст.

Соли 2023 тамоили зикршуда идома ёфта, аз рӯи натиҷаҳои сол ба ҷумҳурӣ 5,7 млрд доллар маблағ ворид гардид, ки 6,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.

Самти асосии муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон Русия боқӣ мемонад. Аммо солҳои ахир афзоиши ҷараёни муҳоҷират ба Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.