Ҳаво барои кор хеле гарм аст? Қонунгузории Тоҷикистон дар бораи зарар ва ҷубронпулиҳо чӣ мегӯяд?

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон баъзан ҳаво дар тобистон то 40 дараҷа гарм мешавад. Ва дар чунин гармӣ кор кардан душвориҳои худро дорад. Дар кишвари мо дар чунин ҳарорат кор кардан мумкин аст ва қонун дар ин бора чӣ мегӯяд?

Корфармо бояд кадом шароитҳоро таъмин кунад?

Мувофиқи моддаи 331 Кодекси меҳнати Тоҷикистон, корфармо уҳдадор аст, ки дар тамоми ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯро муҳайё намояд. Ин ҷо чӣ фаҳмида мешавад?

Тибқи шарҳи қонун, кор вақте бехатар шуморида мешавад, ки кормандон аз таъсири омилҳои истеҳсолии хатарнок ё зараровар эмин бошанд. Лекин ин омилҳо кадомҳоянд ва ҳолатҳои мушаххаси он дар қонун зикр нашудааст.

Дар ҳама гуна ҳолат, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки шароити кори шумо набояд ба солимии шумо зарар расонад.

Ҳарорат чӣ гуна зарар расонида метавонад?

Ҳарорати беҳад баланд метавонад ба як қатор оқибатҳои манфӣ барои ҷисм (организм) боис гардад.

Набз тезтар шуда, нарасидани кислород оғоз мегардад ва аз сабаби гармии шадид ба майна камтар хун ҷорӣ мешавад, ки боиси нуқс дар рагҳои мағзи сар шуда метавонад.

Ҳамаи ин метавонад, дар беҳтарин ҳолат ба зарбаи гармӣ ва бадтарин ҳолат – сактаи дил, инсулт ё ҳатто марг оварда расонад.

Аз ин рӯ, ҳарорати баланд ба таври возеҳ ба шароити зарарноки корӣ мансуб аст.

Оё дар қонун ҳадди мушаххаси ҳарорат вуҷуд дорад?

Бевосита дар Кодекси меҳнат ҳарорати дақиқе, ки корфармо бояд таъмин кунад, нишон дода нашудааст. Аммо он дар «Меъёрҳои санитарии иқлими миёна (микроклимат)-и биноҳои истеҳсолӣ» ҳаст, ки онро Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз 31 марти соли 1986, №4088-86 тасдиқ кардааст ва ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунад.

Тибқи ин меъёрҳо, дар мавсими гармии сол (яъне дар тобистон) ҳарорат дар ҷои кор бояд на бештар аз 28 дараҷа нигоҳ дошта шавад.

Дар чунин гармӣ кор карда наметавонам. Чӣ бояд кард?

Мувофиқи моддаи 337 Кодекси меҳнат, агар корманд дар раванди кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд. Дар ин бора бояд роҳбари бевоситташро хабардор созад.

Дар ҳамин ҳол, дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.

Яъне агар бар асари ҳавои хеле гарм ва дамнок вазъи кормандон бад шавад, то бартараф намудани мушкил аз ҷониби корфармо, онҳо метавонанд кор накунанд. Ҳамчунин дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.

Корфармо дар гармӣ бояд чӣ кор кунад?

СанПин №4088-86 ба корфармо роҳу воситаҳои зерини ҳалли мушкилро пешниҳод мекунад:  насби низомҳои ҳавосардкун (кондитсионерҳо), таъмин бо сарулибоси махсус ё дигар воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ё муҷаҳҳаз намудани биноҳо барои истироҳат.

Агар аз ин чизе ҳосил нашавад, пас бояд дар кор танаффусҳо эълон кунад (масалан дар авҷи гармии ҳаво), вақти рӯзи кориро кам кунад ё рухсатии меҳнатии кормандонро дароз кунад.

Агар корфармо ба ин масъала бепарво бошад чӣ?

Корфармоҳо ва мансабдорон барои расонидани зарар ба саломатии корманд масъуланд.

Дар сурати нақзи ҳуқуқҳои кории шумо, метавон ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кард.

Баъзе корфармоён шояд огоҳ набошанд, ки ҷазои маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ назар ба харидан ва гузоштани кондитсионерҳо дар идораҳо ё бозбинии вақти корӣ хеле гаронтар меафтад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...