Собиқадори футболи тоҷик аз олам даргузашт

Дар шаҳри Турсунзода яке аз собиқадорони футболи тоҷик, нимҳимоятгари дастаи “Помир”-и Душанбе Шуҳрат Азамов дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Солҳои охир Шуҳрат Азамов бемор буд. "Шахси наҷиб ва футболбоз Шуҳрат Азамов аз миёни мо рафт. Соли 1978 маро ба дастаи дуюм (дублёрон)-и «Помир» гирифтанд ва Шӯҳрат аз рӯзҳои аввал дар даста ба ман хеле […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар шаҳри Турсунзода яке аз собиқадорони футболи тоҷик, нимҳимоятгари дастаи “Помир”-и Душанбе Шуҳрат Азамов дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.

Солҳои охир Шуҳрат Азамов бемор буд.

"Шахси наҷиб ва футболбоз Шуҳрат Азамов аз миёни мо рафт. Соли 1978 маро ба дастаи дуюм (дублёрон)-и «Помир» гирифтанд ва Шӯҳрат аз рӯзҳои аввал дар даста ба ман хеле писанд омад – меҳрубону мушфиқ бе такаббур. Бо вуҷуди фарқияти синну сол (8 сол), мо дӯст шудем. Вай баъзан дар дастаи дуюм бозӣ мекард. Бозӣ дар Кемероворо (баҳори соли 1978) дар хотир дорам, ӯ аз зарбаи ҷаримавӣ гол зада, мо 1:0 ғалаба кардем. Он замон ман ба ӯ Робер Зара (ҳимоятгари маъруфи австриягӣ) лақаб гузоштам," – ба ёд меорад коршиноси соҳаи варзиши тоҷик Азим Яқубов.

Собиқадори футбол Лев Гинзбург низ дар шабакаи Facebook дар бораи Шӯҳрат Азамов чунин навиштааст:

"Ман ӯро ба Хуҷанд ҳамчун мураббии дуюм гирифтам, сипас бо ташаббуси ман, вақте ки дар зиндагӣ ва футбол ба ман хеле вазнин буд, ӯ мураббии асосӣ шуд. Ӯ шахси хеле меҳрубон, бомасъулият буд. Барои ман ин як талафоти бузург аст. Андуҳи бузург".

Аз тамоми Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба наздикон ва хешовандони Шӯҳрат Азамов – яке аз футболбозони машҳури дастаи машҳури «Помир» (Душанбе) ирсоли тасаллиятҳо идома доранд.

Ӯ тамоми муддат дар Лигаи якуми Иттиҳолди Шӯравӣ дар ҳайати Помир бозӣ кардааст. Давоми солҳои 1971-1982 дар 336 бозӣ иштирок карда, 11 гол задааст. Бо сабаби ҷароҳат бардоштан (мениск) бозиро қатъ кард.

Давраҳои омӯзишии (курсҳои) мураббигиро дар Арабистони Саудӣ хатм кардааст. Солҳои 1989-1991 мураббии «Хуҷанд» буд. Солҳои 1992-2009 ба ҳайси мураббӣ дар сохтори дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» кор кардааст.

Моҳи феврали соли 2009 ташхис нишон дод, ки Шӯҳрат Азамов ба бемории мағзи сар гирифтор шудааст. Сипас хотираашро аз даст дод. Солҳои охир қариб ҳамеша бистарӣ буд.

Замоне ӯ мактаби мусиқиро хатм намуда, рубоб менавохт. Маълумоти олии иқтисодӣ дошт.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.