Об захира кунед. Дар Душанбе 10 соат интиқоли об қатъ мешавад

Asia-Plus

Пагоҳ, 25-уми июл, аз соати 6:00 субҳ то 16:00-и бегоҳ интиқоли оби нӯшокӣ дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад. Дар ин бора КВД "Обу корези Душанбе" хабар дода, аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки об захира кунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки интиқоли об бо фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қатъ гардида, ҳадафи он “дарёфт намудани ҷасади шахси ғарқшуда ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Раёсати КҲФ шаҳри Душанбе гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ” мебошад.

Корҳои ҷустуҷӯӣ дар канали дериватсионии неругоҳи барқӣ – обии 2-и филиали Силсиланерӯгоҳҳои Варзоб гузаронида мешавад.

Ҳамин тариқ, интиқоли оби нӯшокӣ:

– дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П. Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У. Хайём то кӯчаи С. Ғанӣ), инчунин Боғи С. Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

– дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаҳои Н. Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон – 1 ва 2, кӯчаҳои Д. Халқҳо, А. Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак. Раҷабовҳо ва С. Айнӣ аз биноҳои 1 то 77;

– дар ноҳияи Сино дар маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон – 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

– дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе қатъ мешавад.

Корхонаи “Обу корези Душанбе” аз сокинони пойтахт хоҳиш крадааст, ки “дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.