Ҳалокати 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як оила дар садамаи нақлиётӣ дар Мастчоҳ

Дар Мастчоҳ зуҳри имрӯз аз як оила дастикам 5 нафар дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд. Гуфта мешавад, ки ин оила ба пешвози фарзанди муҳоҷирашон ба Хуҷанд рафта ва бо ӯ ба хона бармегаштанд. Дар садамаи нақлиётие, ки зуҳри имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ рух дод, дастикам 7 сокини ин ноҳия ба ҳалокат расиданд, ки 2 […]

Дар Мастчоҳ зуҳри имрӯз аз як оила дастикам 5 нафар дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд. Гуфта мешавад, ки ин оила ба пешвози фарзанди муҳоҷирашон ба Хуҷанд рафта ва бо ӯ ба хона бармегаштанд.

Дар садамаи нақлиётие, ки зуҳри имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ рух дод, дастикам 7 сокини ин ноҳия ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафарашон ноболиғ мебошанд.

Ба иттилои як масъул ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, 5 нафари онҳо узви як оила ҳастанд ва сокинони ҷамоати деҳоти Фотеҳободи ноҳия мебошанд.

Онҳо субҳи имрӯз барои пешвози фарзандашон ба Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд рафтаанд.

"Баъди пешвози муҳоҷир, падари хонадон ва дигар аҳли оила ба самти ноҳияи ҳаракат карданд. Дар роҳи даромадгоҳи ноҳия нақлиёти сабукрави кироякаш (таксӣ), ки самти ҳаракаташ Ойбек – Душанбе буд, бо мошини ҳомили 5 узви як оила бармехӯрад", – гуфт масъул.

Мақомот то ҳол расман дар ин бора маълумот надодаанд.

Сабаби рух додани ҳодиса ҳам дақиқ нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.