Талаботу маҳдудият зиёд аст. Чаро мақомоти давлатӣ аз норасоии кадрӣ танқисӣ мекашанд?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар мақомоти давлатии Тоҷикистон қариб 3 ҳазору 900 корманд намерасад ва сафи довталабони кор ҳам ба маротиб кам коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иттилои ӯ, ҳоло дар кишвар 18 ҳазору 384 хизматчии давлатӣ фаъолият доранд, ки аз ин 4 ҳазору 655 нафар зан мебошад. Аммо дар умум, дар мақомотҳои давлатӣ норасоии кадрӣ эҳсос мешавад.

“Ба ҳолати семоҳаи аввали соли 2024 дар вазорату ниҳодҳои гуногуни давлатӣ 3 ҳазору 881 корманд намерасид. Дар семоҳаи дуюм 51 ҷойи корӣ пур карда шуд, ва ҳоло 3 ҳазору 830 ҷойи корӣ холӣ аст”, – гуфт Ҷумъа Давлатов.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар сатҳи ҷумҳурӣ – 12-13%, дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ – 17-19% ва дар сатҳи ҷамоатҳо зиёда аз 30% вазифаҳо холӣ мебошанд.

“Гузаронидани озмунҳо низ ин мушкилир аз байн намебаранд. Ба ҳисоби миёна, ба ҳар як ҷойи холӣ, бо дарназардошти ҷойҳои ба онҳо ҳуҷҷат супориданашуда 0,5 довталаб рост меояд. Дар соли 2023 ин нишондиҳанад 1,4 довталаб буд”, – зикр кард Ҷумъа Давлатов.

Сабаби асосии норасоии кадриро Ҷумъ Давлатов дар талаботу маҳдудиятҳои зиёд нисбат ба хизматчиёни давлатӣ рабт дод. Аммо мушаххасан нагуфт, ки маҳз кадом талабот боиси кам шудани давталабони кор дар мақомоти давлатӣ шудааст. Ӯ иддаои кам будани маошро рад кард.

“Ман фикр намекунам, ки сабаби норасоии кадрӣ музди меҳнат бошад. Маоши хизматичиёни давлатӣ дар ҷамоатҳо барои мутахассиси одӣ 1160-2192 сомонӣ, барои мутахассиси пешбар 1415-2656 сомонӣ ва барои сармутахассис 1728-3221 сомонӣ аст. Мақомоти болоӣ аз ин бештар мегиранд” – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои Агентӣ, ба ҳолати 1 май, музди миёнаи меҳнат 1738 сомониро ташкил медиҳад. Агар ба он аз 1 июл 40% боло рафтани маошро ҷамъ кунем, музди миёнаи хизматчии давлатӣ 2433 сомониро ташкил медиҳад.

Теъдоди занҳо дар хидмати давлатӣ ҳоло ҳам кам аст

Тибқи иттилои Ҷумъа Давлатов, ба ҳолати 1 июли соли равон дар 23 ниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хатлон, 12 мақомоти НТҶ, 7 мақомоти Суғд, 3 мақомоти Бадахшон, 4 мақомоти Душанбе, 32 мақомоти марказӣ, ҷамъ дар 81 мақомоти давлатӣ дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи то 30% расонидани теъдоди занон таъмин карда нашудааст.

Аммо чаро таъмин нашудааст, зикр нагардид.

Дар ҷавоб ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” оид ба сабаби набудани занон миёни муовинони роҳбарони мақомоти қудратӣ, Ҷумъа Давлатов гуфт, ки ин гуна мушкилот дар дигар мақомот низ ба назар мерасад.

“Мақомот ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ ба доираи ваколатҳои Агентӣ дохил намешаванд. Аммо ин мушкилӣ дар баъзе аз мақомотҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ ҷой дорад. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ Агентӣ корҳои санҷишӣ, ва мушовараҳои сайёр гузаронида, мақомоти дахлдорро аз натиҷаҳои он огоҳ мекунад. Инчунин, мо дигар ваколатҳои қонунӣ дорем, ки дар ҳолати беҳтар нашудани вазъ, метавонем аз онҳо истифода барем” – изҳор дошт директори Агентӣ. 

Аммо дар бораи чораҳои дар ихтиёрдошта ва чаро то ҳол аз он истифода накардан маълумот надод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...