Дар ним сол сафи нашъамандон дар Тоҷикистон 2,8% кам шудааст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2024 камшавии сафи нашъамандон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе директори Агентии назорати маводи нашъаовар Самад Зафар хабар дод.

Зикр шуд, ки дар давраи мазкур дар ҷумҳурӣ 4066 афроди гирифтор ба нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 117 нафар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, миёни занон сафи нашъамандон 6 нафар зиёд шуда, ба 109 нафар расидааст.

Бино ба маълумоти Агентӣ, ба 100 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон 40,7 афроди нашъаманд рост меояд.

Директори Агентӣ изҳор намуд, ки барои пешгирии нашъмандӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, бо вазорату идораҳои гуногун ҳамкории фаъолона ба роҳ монда шуда, бо аҳолӣ вохӯриҳову семинар, мизи гирду чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...