“Обанбори “Норак” қариб пур шуд, аммо то “Роғун” пур нашавад, норасоии барқ эҳсос хоҳад шуд”

Asia-Plus

Таъминоти аҳолӣ бо барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз талаботи сокинону корхонаҳо, ҷараёни об дар дарёи “Вахш” ва муносибати истеъмолкунандагон нисбат ба он вобаст аст. Ин нуктаро Абдулло Қурбонзода, муовини якуми раиси ҶСК “Барқи тоҷик”, имрӯз, 6 август, дар нишасти хабарӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, обанбори “Норак”, ки дар давраи тирамоҳу зимистон манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО Норак аст, айни ҳол қариб то ҳадди ниҳоӣ пур шудааст.

“Обанбор дар рӯзҳои наздик пур мешавад”, – гуфт Абдулло Қурбонзода.

Бояд гуфт, ки тақрибан 70 дарсад барқи Тоҷикистон дар НБО Норак истеҳсол мешавад. Ва ин нерӯгоҳ дар дарёи Вахш бунёд гардидааст. Дар ин дарё пас аз НБО Норак, ҳамчунин 6 нерӯгоҳи дигар бо иқтидори камтар бунёд ёфтаанд.

“Фикр мекунам, камбуди нерӯи барқ (дар давраи тирамоҳу зимистон, – муаллиф) ҳанӯз вуҷуд дорад, новобаста аз ҷараёни дарёи Вахш”, – гуфт ӯ.

Нозир Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти “Барқи тоҷик” гуфт, пешгӯии ҷорӣ шудан ё нашудани маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба истеъмолкунандагон дар давраи тирамоҳу зимистони оянда ғайриимкон аст.

Ӯ шарҳ дод, ки обанбори “Норак” ҳар сол то ҳадди ниҳоӣ (910 метр аз сатҳи баҳр) пур мешавад, аммо ҳама чиз аз он вобаста аст, ки зимистон чӣ гуна ҳаво моро интизор аст.

“То вақте, ки мо обанбори “Роғун”-ро аз об пур накунем, норасоии нерӯи барқ эҳсос мешавад. Барои он ки мо ҳоло дар обанбори “Норак” ба қадри як сол об захира мекунем. Ҳар як сантиметри онро барои истеҳсоли барқ истифода мебарем ва вақте ки зимистон хунук омад, мо маҷбур мешавем, обро зиёдтар истифода кунем. Дар ин вақт таҳдиди норасоии барқ пайдо мешавад. Бинобар ин маҷбур мешавем, ки маҳдудият ҷорӣ кунем. Вақте обанбори “Роғун” ба кор даромад он вақт обро барои чанд сол захира мекунем. Он гоҳ дигар аз об танқисӣ намекашем ва он вақт бо боварии комил гуфта метавонем, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ намешавад”,- гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ғайр аз ин, Ёдгорӣ зикр кард, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ талабот ба нерӯи барқ ба ҳисоби миёна 9% зиёд мешавад, аммо истеҳсол дар сатҳи пештара боқӣ мемонад, зеро сохтмони нерӯгоҳҳои нав 10-15 солро талаб мекунад.

Ӯ илова кард, ки дар чунин вазъ, роҳи дурусттаре, ки метавонад камбудии мавсимиро коҳиш диҳад, муносибати эҳтиёткорона ва сарфакорона ба нерӯи барқ мебошад.

Дар солҳои охир дар мавсими тирамоҳу зимистон норасоии нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ шадидтар шудааст. Нерӯи барқ танҳо ба шаҳрҳои нисбатан калон мерасад ва сокинони деҳот онро бо маҳдудият (ҳар рӯз аз 8 то 9 соат) мегиранд.

Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири сентябр – аввали октябр оғоз шуда, то моҳи апрел давом мекунад. Давомнокии маҳдудиятҳо аз шароити хуби обу ҳаво ва афзоиши ҷараёни об дар дарёи Вахш вобаста аст.

Моҳи марти соли гузашта ин мушкилӣ ҷиддитар шуд. Рӯзи 1-уми март якбора дар тамоми кишвар интиқоли нерӯи барқ қатъ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...